РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Рўзи даҳуми муҳаррамро рўзи ошуро мегўянд.
Он Ҳазрат (с) рўза доштани рўзҳои душанбе ва панҷшанберо низ бисёр дўст медошт. Аз Оиша (р) ривоят шудааст, ки: «Паёмбар (с) рўзаи рўзҳои душанбе ва панҷшанберо ихтиёр мекард».295 Дар ривояти дигаре омадааст, ки «Расули Худо (с) фармуд: «Аъмоли бандагон рўзҳои душанбе ва панҷшанде арза (ва ба ҳисоб) гирифта мешаванд. Пас дўст медорам, ки дар вақти арзи аъмолам рўзадор бошам».296 Аз Оиша (р) ривоят шудааст, ки: «Расули Худо (с) дар ҳеҷ моҳе бештар аз шаъбон рўза намедошт»297 ва дар ривояти дигар омадааст: «… Тамоми моҳи шаъбонро рўза медошт».298
Ифроти таом ҳарки ғамнок кунад,
Дармони худ аз соати имсок кунад.
Тан пок шавад ба соат даҳи рӯз,
Даҳ соати рӯз рӯза дил пок кунад!
Соим бувад онки хотире шод кунад,
Не онки зи рӯза сарфаи зод кунад1
Нон деҳ, ки аз он фариза шуд рӯза ба халқ,
То сер ҳам аз гуруснагон ёд кунад!
(Аҳлии Шерозӣ, Девони ашъор)
295 Сунани Тирмизӣ, 745; Сунани Насоӣ, 2186, 2360; Сунани Ибни Моҷа, 1649, 1739.
296 Сунани Тирмизӣ, 747; Сунани Ибни Моҷа, 1740.
297 Саҳеҳи Бухорӣ, 1969; Саҳеҳи Муслим, 2714 (1156)-175; Сунани Абўдовуд, 2434.
298 Саҳеҳи Бухорӣ, 1970; Саҳеҳи Муслим, 2716 (1156)-177. Дар баъзе ривоятҳои дигар омадааст, ки: «..Аксари моҳи шаъбонро рўза медошт». Саҳеҳи Муслим, 2715 (1156)- 176.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё