РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Барномаи ғизоӣ ва тарбияи ҷисмӣ дар Ислом
Шер чун бошӣ, ки ту аз рӯбаҳе ларзон шавӣ!?
Чира гардонад туро бар бешаи шерон сиём.
Бас шикамхорӣ кунад, он к-ӯ шикамхорӣ кунад,
Нест андар толеи ҷамъи шикамхорон сиём!
(Мавлоно)
Дар баробари ин ҳама баҳраҳои маънавӣ, баракоти рўҳӣ ва фоидаҳои беҳдоштие, ки рўза Д барои шахси рўзадор ба бор меоварад, ҳамчунин Ислом барномаи фарогири ғизоӣ ва тарбияи солими ҷисмониро низ аз партави таълимоти худ дур нагузоштааст. Ислом бо вуҷуди он ки ба рўза доштани рўзҳои башуморе аз ҳар моҳ тавсия намудааст, вале ҳаргиз иҷозат надодааст, ки бандаи мўъмин дар натиҷаи доштани рўзаи пайваста ва аз ҳад зиёд худро нотавон (бемадор) ва аз анҷоми вазифаҳои шаръӣ ва масъулиятҳои иҷтимоии худ оҷиз гардонад, балки дар баробари он барномаи комили ибодӣ ва нусхаи беҳдоштӣ боз ба тарбияи солими ҷисмӣ ва низоми дурусти ғизоӣ тавсия намудааст.
Оиша (р) дар идомаи ҳадиси: «Расули Худо (с) аксари моҳи шаъбон ва ё тамоми онро рўза медошт», мефармояд: Вале ба мардум мегуфт: «Аз аъмол ба андозаи тобу тавони худ баргиред, зеро Худо (аз қабули аъмоли шумо) хаста намегардад, вале шумо (аз идомаи анҷоми он) хаста мегардед». Ҳамчунин мефармуд: «Дўстдоштатарин амал ба сўи Худо он корест, ки соҳибаш бар он мудовамат варзад, ҳарчанд кам ҳам бошад».299 Ривоят шудааст, ки Абдуллоҳ ибни Амр (р) рўзҳо пайваста рўза медошт ва шабҳо қиём мекард. Вақте ин хабар ба Расули Худо (с) расид, ўро фаро хонд ва гуфт:
299 Саҳеҳи Бухорӣ, 1970; Саҳеҳи Муслим, 2716 (1156)-177.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё