Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Чӣ тавре мебинем, Расули Худо (с) дар ин ҷо рўза доштан дар сафарро кори хубе надонистааст.
Зеро дар чунин мавридҳо доштани нерўи ҷисмонӣ барои анҷоми масъулиятҳои дар пешистода аз рўза доштан беҳтар аст. Вале баъзе одамон аз рўи ноогоҳӣ бо доштани рўза ва ё машғул гаштан ба баъзе ибодатҳои дигар на танҳо худро амалан аз анҷоми масъулиятҳои иҷтимоӣ ва вазифаҳои ҷамъиятии дини Ислом оҷиз ва нотавон месозанд, балки чанд одами дигарро барои парастории худ овора месозанд.
Бар ҳамин асос, мо вақте метавонем зебоӣ, пўёӣ ва осонии дини Худоро амалан ламс намоем, ки арзишҳои Исломро ба сурати тарҳи куллӣ ва ваҳдат (комплекс)-и таҷзиянопазир мавриди баррасӣ қарор диҳем ва дар бораи онҳо шинохти фарогире ҳосил намоем. Қуръони карим дар қисмате аз ояти 185-уми сураи Бақара пас аз баёни ҳукми рўзаи бемор ва мусофир мефармояд: «Худо барои шумо осониро мехоҳад ва душвориро дар ҳаққи шумо раво намебинад».

Вуҷуди тавозун ва ҳамоҳангӣ дар барномаҳои Ислом

Мебисозад ҷону дилро бас аҷоиб кон сиём,
Гар ту хоҳӣ то аҷаб гардӣ, аҷоиб дон сиём!
Гар туро савдои меъроҷ аст бар чархи ҳаёт,
Дон-к асби тозии ту ҳаст дар майдон сиём!
Ҳеҷ тоат дар ҷаҳон он рӯшанӣ надҳад туро,
Чун-к баҳри дидаи дилкӯрии абдон сиём!
(Мавлоно)

Ислом дар миёни тамоми барномаҳои ибодӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ғизоӣ, парваришӣ ва рўҳии худ тавозуни зебоеро барқарор намудааст ва ҳеҷ якеро бар ҳисоби дигаре такмил накардааст. Ва аз пайравони мўъминаш бо ҷиддият хостааст, ки дар анҷоми онҳо ҳамон тавозун ва эътидолро риоя намоянд.

пешина
аз 190
навбатӣ