Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Шахсият ва ҳаёти инсон вақте солим ва ҳамаҷониба рушд меёбад, ки дар тамоми абъоди такомулӣ ва ҳамаи ҷанбаҳои зиндагии худ тавозун ва ҳадди эътидолро риоя намояд. Вақте дар як ҷанба зиёдаравӣ намояд, тавозуни дилхоҳро дар бинои солими шахсият ва рушди дуруст ва ҳамаҷонибаи ҳаёти худ аз даст медиҳад.
Яке аз омилҳои вазъи асафбор ва мушкилоти ҳалнопазири ҳаёти мусалмонон ҳамин номавзунӣ ва якҷониба будани барномаҳои амалӣ, зиёдаравӣ дар ҷанбае ва раҳо кардани самтҳои дигари зиндагӣ мебошад. Онҳо ё танҳо ба анҷоми ибодатҳои берўҳ ва зўҳднамоии хушк дода мешаванд ва дигар вазифаҳои шаръӣ, масъулиятҳои иҷтимоӣ ва талаботи имонии худро канор мегузоранд ва ё ба дунёпарастӣ, танпарварӣ ва андўхтани пулу мол фурў мераванд ва дину маънавиётро ба тамом тарк менамоянд.
Дар ҳоле ки Ислом дар ҳамоҳангӣ ва ҳамгунии зебое дар миёни тамоми барномаҳои худ эъмори зиндагӣ ва пардохтан ба тамоми ҷанбаҳои ҳаётро аз онҳо хостааст.
Ислом ба ҷавонони дар синну соли балоғат, вақте дар авҷи шукуфоии ҷисмӣ, бедоршавии майлҳои ҷинсӣ ва бархостани кашишҳои шаҳвонӣ қарор доранд, тавсия менамояд, ки агар имконоти хонадор шуданро дошта бошанд, пас издивоҷ намоянд. Зеро ниёзҳои фитрӣ ва ғаризаи ҷинсӣ дар инсон ба василаи издивоҷ бароварда мешаванд ва ба ин тамоюли табиии ў ба сурати машрўъ посух дода мешавад. Пас издивоҷ беҳтарин васила барои маҳфуз ва покиза нигаҳ доштани чашм ва фарҷ мебошад, фазои ҷомеаро низ поку муаттар нигоҳ медорад ва ҳамзамон аз парокандагии фикрӣ ва барҳадар рафтани нерўҳо ва зарфиятҳои зеҳнии шахс пешгирӣ менамояд.

Вале, агар касе имконияти барпо намудани хонавода ва зан гирифтанро надошта бошад, ба вай тавсия менамояд, ки барои костан аз майлҳои шаҳвонӣ ва тасаллут бар ғаризаи ҷинсӣ рўза бидорад.

пешина
аз 190
навбатӣ