Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Зеро Расули Худо (с) мефармояд: «Рўзадори мутатаввеъ (нафлӣ) амин ва ё амири нафси худ мебошад, агар хоҳад, рўза медорад ва агар хоҳад, ифтор менамояд».304 Ҳамчунин вақте ба меҳмонӣ даъват шавад, бояд онро иҷобат намояд. Агар ифтор накунад, пас дар ҳаққи онҳо дуъо намояд ва бигўяд, ки: Ман рўзадор мебошам.
Расули Худо (с) мефармояд: «Вақте касе аз шумо даъват шавад, бояд онро иҷобат намояд. Агар рўзахўр бошад, (аз таомашон) бихўрад ва агар рўзадор бошад, пас (дар ҳаққашон) дуъо намояд».305 Ҳамчунин мефармояд:
«Вақте касе аз шумо ба таоме даъват шавад, агар рўзадор бошад, бигўяд: Ман рўзадорам!».306 Ҳамчунин аз он Ҳазрат (с) ривоят шудааст, ки вақте ба хонаи яке аз ҳамсаронаш мерафт, мепурсид: Оё ягон хўрдание ҳаст? Агар мегуфтанд, чизе нест, мефармуд:
Набошад, ман рўза гирифтам.307 Бинобар ин, фақеҳон ва донишмандон мегўянд, агар шахсе то қабл аз завол (нисфирўзӣ) чизе нахўрда бошад, метавонад аз ҳамон вақт ният кунад ва рўзаи нафлӣ бигирад.

304 Сунани Тирмизӣ, 732. Уммиҳониъ (р), ровии ҳадис мефармояд:
«Расули Худо (с) ба хонаам омад ва нўшокие хост. Пас аз нўшидан онро ба ман дод ва ман низ (аз фазли он) нўшидам. Он гоҳ гуфтам:
Эй Расули Худо (с) ман рўзадор будам. Расули Худо (с) дар ҷавоб фармуд: Рўзадори мутатаввеъ…».
305 Сунани Абўдовуд, 2460; Сунани Тирмизӣ, 780. Ҳадисро аз Абўҳурайра (р) ривоят кардаанд.
306 Саҳеҳи Муслим, 2696 (1150)-159; Сунани Абўдовуд, 2461; Сунани Тирмизӣ, 781. Ҳадисро аз Абўҳурайра (р) ривоят кардаанд.
307 Ишора ба ҳадисе мебошад, ки Оиша (р) дар он мефармояд:
«Паёмбар (с) ба наздам меомад ва мегуфт: Оё дар наздат хўрдание ҳаст? Агар мегуфтам: Не, мегуфт: Набошад, ман рўза гирифтам.
Рўзе ба наздам омад. Гуфтам: Таоме ба мо ҳадя шудааст. Пурсид:
Чист? Гуфтам: Ҳайс (номи таоме) мебошад. Фармуд: Ман имрўз рўза гирифта будам. Он гоҳ (аз он таом) хўрд». (Саҳеҳи Муслим, 2707 (1154)-169; Сунани Абўдовуд, 2455; Сунани Тирмизӣ, 733, 734.

пешина
аз 190
навбатӣ