Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Гуфтанист, ки ибодатҳои нофила аз амалҳои солеҳ
ва корҳои шаръан дўстдошта (мустаҳаб) ба шумор мераванд. Анҷом додани онҳо барои шахс ихтиёрист ва ба
ҳисси хайрхоҳӣ ва ҳиммату ҷавонмардии ў бастагӣ дорад, вале вақте ба анҷоми чизе аз онҳо амалан иқдом
намояд, ба итмом расонидани он дар назди имом Абўҳанифа (рҳ.) бар вай ҳатмӣ ва воҷиб мегардад. Агар онро пас аз ният фосид ва ё тарк намояд, қазоӣ он бар вай
воҷиб аст. Бинобар ин, вақте ба намоз ва ё рўзаи нафлӣ
шурўъ намояд, итмоми он бар вай воҷиб аст ва агар онро бо узре фосид ва ё тарк намояд, бояд қазои онро ба
ҷой оварад.308

Дар татаввўъ агар шурўъ кунӣ,
Пас руҷўъ аз барои ҷўъ кунӣ,

То тавонӣ адош бояд кард,
Назди Нўъмон қазош бояд кард.

308 Аз Оиша (р) ривоят шудааст, ки, «Ман ва Ҳафса рўзаи нафл гирифтем. (Дар ҳамин вақт) бароямон таоме оварда шуд ва иштиҳо карда, аз он хўрдем. Пас аз он расули Худо (с) бар мо ворид шуд ва Ҳафса пешдастӣ карда, ўро дар ин бора пурсид. Фармуд: Рўзеро ба ҷои он қазо бидоред». (Сунани Тирмизӣ, 735. Имом Молик ва Насоӣ низ онро ривоят кардаанд).

пешина
аз 190
навбатӣ