РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Вале чун садои онҳо ба маҳаллаҳои дуртар намерасид, ходаи дарозеро, ки дар нўги он тахтачўби амудие бо ду қандили фурўзон насб шуда буд, аз болои он мебардоштанд ва мардум бо дидани онҳо саҳарихўриро идома медоданд. Ҳамин ки субҳ медамид, қандилҳоро дарҳол поин меоварданд ва садои азони субҳ низ аз ҳар тараф баланд мешуд.315 Муҳаммад ибни Абдуллоҳ маъруф ба Ибни Батута (703-779/1304-1377), ки тақрибан як аср баъд аз Ибни Ҷубайр гузаштааст, дар сафарномаи худ ҳамин чизро аз аҳли Макка гузориш додааст.316 Гуфтанист, ки ҳайати донишмандони шаҳри Кембриҷ Ибни Батутаро дар китобҳояшон амири сайёҳони таърихнигор дар байни мусалмонон [Prince of moslems travellers] номидаанд.
Вақте ҳилоли моҳи Рамазон тулўъ мекард, он шаб дар Масҷидулҳаром ҷашне барпо мегардид, дар назди амири Макка таблҳо зада мешуд, бўрёҳои масҷид иваз карда мешуданд ва дар он шамъҳо ва чароғон афрўхта мешуданд.
Шаби иди Рамазон ба монанди шаби бисту ҳафтуми он дар тамоми сатҳи ҳарам, манораҳои он ва сатҳи масҷиде, ки дар болои кўҳи Абўқубайс воқеъ буд, шамъҳо ва қандилҳо афрўхта мешуданд. Муаззинон он шабро то субҳ ба такбиру таҳлил ва зикру тасбеҳ ва оммаи мардум ба тавофу намоз ва зикру дуъо барпо медоштанд.
315 Сафарномаи Ибни Ҷубайр. – С. 47; Муҳаммадраҷаби Сомироӣ, Рамазон дар фарҳанги исломӣ. – С. 102. – Димишқ, 2002.
316 Сафарномаи Ибни Батута. – С. 75; Рамазон дар фарҳанги исломӣ. – С. 103.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё