РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Пас аз адои намози бомдод шитобон ба хонаҳо баргашта, либосҳои идона мепўшиданд ва барои адои намози ид дубора ба масҷид меомаданд.
Аввалин касе ба ҳарам ворид мешуд, банӣ Шайба – ҳоҷибони хонаи Худо буданд. Дари хонаи Каъбаро мекушоданд ва бузурги қабила дар остонаи дари он ва дигарон дар пешаш менишастанд, то он ки амири Макка меомад.317
Дар моҳи Рамазон чорабиниҳои фарҳангӣ ва барномаҳои пурбори маънавие аз сўи шаръ пешбинӣ шудаанд, ки ба фард шахсият ва ба ҷомеа ҳувият мебахшанд.
Бинобар ин, мардуми мусалмон дар тўли таърихи наздик ба якунимҳазорсолаи фарҳанги исломӣ моҳи Рамазонро ба шукўҳи хосе истиқбол намудаанд. Тамоми чорабиниҳои дигарро дар он канор гузошта, дар ду сатҳи мардумӣ ва давлатӣ ба барпоии барномаҳои ибодатӣ ва тадорукоти хосси ин моҳ пардохтаанд. Маҳфилҳои илм, ҳалқаҳои дарс ва низомияҳо дар умум ва ё ба таври нисбӣ таътил эълон шуда ва мардум ба тиловати Қуръон, ибодат, кўмаку дастгирии қишрҳои гуногуни ҷомеа ва дигар барномаҳои худсозӣ ва тазкияи нафс машғул мешуданд.
Ривоят шуда, ки Ибни Аббос (р) дар моҳи Рамазон дарси тафсир ва ҳадисро канор мегузошт ва ба тиловати Қуръон машғул мешуд. Имом Молик (рҳ) низ дар он ҳалқаи дарси ҳадисро таътил мекард ва ба тиловати Қуръон ва тадаббур дар оятҳои он мепардохт. Имом Шофеъӣ бошад, дар моҳи Рамазон Қуръонро шаст бор хатм мекард.
Имрўз низ дар кишвари Малейзия дар моҳи Рамазон соатҳои кор дар муассисаҳои давлатӣ кам карда мешаванд ва дар шаҳри Кувалалампур (Куала-Лумпур) – пойтахти кишвар дар сатҳҳои иқлимӣ ва давлатӣ аз сўи ҳукумат мусобиқаҳои ҳифз ва тиловати Қуръон баргузор мегарданд. Дар кишварҳои Бангладеш, Ҷибутӣ, Бур-
317 Сафарномаи Ибни Батута. – С. 76.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё