Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ҳатто баъзе табибон ва докторон дар кишварҳои пешрафта онро ба унвони муассиртарин методи табобатӣ қабул кардаанд.

Рўза бар ҷуъу аташ шабхун занад,
Хайбари танпарвариро бишканад!
(Иқболи Лоҳурӣ, Куллиёт)

Арзиши эҳсону некӣ
дар моҳи Рамазон

Ислом дар озмоишгоҳҳои тарбиявии худ на танҳо бо саркўб намудани сифатҳои даррандахўӣ ва сарпўш гузоштан ба рўи разоили ахлоқӣ дар ботини инсон иктифо наменамояд ва бо ин роҳи ҳалҳои муваққатӣ ва ба зоҳир сатҳӣ хушнуд намегардад, балки бо ҷалб намудани таваҷҷўҳи ў ба ҳадаф ва моҳияти аҳкоми ибодӣ ва рукнҳои тарбиявии худ мехоҳад дар ботини одамӣ ҳамон фитрати беолоиш, камолхоҳ ва худоии ўро ба ҳаракат ва пўёӣ дарбиоварад ва бо ба вуҷуд овардани виҷдони имонӣ ва малакаи (нерўи) худидоракунандаи дохилӣ ҳамеша ўро бар сохтани шахсият ва сарнавишти худ қодир ва мусаллат намояд.
Дар чунин ҳолат аст, ки рўзадор дигар на танҳо аз хўрдану нўшидан ва ҳамхобагӣ бо ҳамсараш рўзона худдорӣ менамояд, балки аз беҳудагўию зиштсуханӣ, сару садоҳои беҷо ва тамоми аъмоли ҷоҳилона худдорӣ меварзад. Аз ҷангу хусуматҳо, дурўғу тўҳматзаниҳо, ғайбаткуниҳо ва корҳои дигаре, ки бар хилофи моҳияти рўза ва ҷойгоҳи шахси рўзадоранд, ба куллӣ дурӣ меҷўяд.
Паёмбар (с) рўи ин нукта таъкид намуда, мефармояд: «Вақте касе аз шумо рўзадор бошад, ҳаргиз сухани беҳудаву зишт нагўяд ва доду фарёд накашад ва аз аъмоли ҷоҳилона парҳез намояд.

пешина
аз 190
навбатӣ