РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Агар касе ба ў дашном диҳад ё ба ситеза (ҷанҷол) бархезад, ба вай бигўяд: Ман рўзадор ҳастам, ман рўзадор ҳастам».34 Он Ҳазрат (с) боз мефармояд: «Касе, ки аз гуфтори ботил (дурўғ ва беҳуда) ва амали ба он даст барнадорад, Худо ҳеҷ ниёзе ба худдории вай аз хўрдану нўшидан надорад».35 1. Пас аз тай намудани ин марҳалаҳои инсонсоз рўзадор ба шахсияти нек ва хайрхоҳи ҷомеа табдил меёбад. Эҳсону некӣ, тоату ибодат ва тамоми корҳои хайре, ки дар моҳи Рамазон анҷом мегиранд, ба хотири фазилате, ки ин моҳ дар пешгоҳи Худованд дорад, аз корҳое, ки дар моҳҳои дигар анҷом дода мешаванд, бартарӣ доранд. Паёмбари Ислом (с) мефармояд: «Беҳтарин ва дўстдоштатарин амал, садақа ва эҳсон дар назди Худо он аст, ки дар даҳаи ахири моҳи Рамазон анҷом гирад…».36 Дар ҳадиси дигаре омадааст, ки он Ҳазрат (с) пурсида шуд: Пас аз Рамазон кадом рўза афзал аст? Фармуд: «Рўзаи моҳи шаъбон, ки барои (омодабош ва) бузургдошти моҳи Рамазон анҷом мегирад». Боз пурсида шуд:
«Кадом садақа афзал аст? Фармуд: «Садақае, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад».37 Ҳамчунин ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуд: «…Вақте Худо барои бандае хайрро биҳоҳад, ўро ба амал гирад, пурсида шуд, ки эй Расули Худо (с), ўро чӣ гуна ба амал гирад?
34 Қисмате аз ҳадиси муттафақун алайҳи: «Куллу амали ибни одама лаҳу…, мебошад, ки таҳриҷи он дар поварақии 20-ум гузашт.
35 Саҳеҳи Бухорӣ, 1903, 6057. Сунани Абўдовуд, 2362. Сунани Тирмизӣ, 707.
36 Саҳеҳи Бухорӣ, 969; Сунани Абўдовуд, 2438; Сунани Тирмизӣ, 757. Дар идомаи ҳадис омадааст, ки: «Гуфтанд: Эй Расули Худо (с), ҳатто ва на ҷиҳоди дар роҳи Худо (бо он баробар аст)?! Фармуд:
Ва на ҷиҳоди дар роҳи Худо, магар марде бо нафс ва молаш хориҷ шавад ва бо чизе аз онҳо барнагардад».
37 Сунани Тирмизӣ, 663.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё