Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Он Ҳазрат (с) мефармояд: «Рўза ва Қуръон рўзи қиёмат ба шафоати шахс (соҳиби худ) бармехезанд.
Рўза мегўяд: Парвардигоро! Рўзҳо ман аз хўрдан (-у нўшидан) ва (рафъи дигар) хостаҳояш монеъ мешудам, маро дар бораи ў шафеъ гардон!. Ва Қуръон мегўяд: Ман шабҳо аз хоби ў монеъ мегардидам, шафоати маро дар бораи ў бипазир!
Пас ҳардуяшон барои вай шафеъ гадонида мешаванд».42 4. Эътикоф: Аз Оиша (р) ривоят шудааст, ки: «Паёмбар (с) даҳ рўзи охири моҳи Рамазонро эътикоф менишаст, то он ки Худо ўро қабз кард. Пас аз вай ҳамсаронаш низ он даҳ рўзро эътикоф менишастанд».43 5. Ҳаҷҷи умра: Дар моҳи мубораки Рамазон ба зиёрати хонаи Худо рафтан дар муқоиса ба моҳҳои дигар аҷру фазилати бештаре дорад. Расули Худо (с) мефармояд: «Умрае дар моҳи Рамазон баробари ҳаҷҷе мебошад».44 6. Ифтор додани рўзадорон: Ҳамчунин ифтор додани рўзадорон дар моҳи Рамазон савоби зиёде дорад. Расули Худо (с) мефармояд: «Касе рўзадореро ифтор диҳад, барояш мисли шахси рўзадор аҷр ҳосил мешавад, бе он ки аз аҷру савоби рўзадор чизе коста шавад».45 Бандаи мўъмин умуман бояд лаҳазоти босафо ва айёми бобаракати моҳи Рамазонро ғанимат шуморад ва дар ҳар фурсати он кори хайр ва пешрафтеро бар аъмоли худ биафзояд. Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) дар бораи ғанимат донистани лаҳазоти нотакрори умр мефармояд: «Бар чизе ба мисли он рўзе, ки офтоб дар он ғуруб намояд – аз мўҳлати ҳаётам кам шавад ва бар амалам чизе дар он наафзояд, надомат нахўрдаам».

42 Муснади имом Аҳмад, 6589. – Ҷ. 2. – С. 366; Маҷмаъу-з-завоид, 5081. – Ҷ. 3. – С. 318; Мустадраки Ҳоким, 2080. – Ҷ. 2. – С. 255.
Ҳоким онро саҳеҳ ва бар шарти Муслим гуфтааст. Шуъабу-л-имон,
1994. – Ҷ. 2. – С. 346.
43 Саҳеҳи Бухорӣ, 2026; Саҳеҳи Муслим, 2776 (1172)-5; Сунани Абўдовуд, 2462.
44 Муттафақун алайҳ: Саҳеҳи Бухорӣ, 1782; Саҳеҳи Муслим, 3028 (1256)-221; Сунани Насоӣ, 2109. Ҳадисро аз Ибни Аббос (р) ривоят кардаанд.
45 Сунани Тирмизӣ, 807; Сунани Ибни Моҷа, 1746. Тирмизӣ онро ҳадиси ҳасан ва саҳеҳ гуфтааст.

пешина
аз 190
навбатӣ