Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Марди солеҳ ва халифаи одил Умар ибни Абдулазиз (рҳ) мефармояд:
«Шабу рўз дар ту амал мекунанд, пас ту низ дар онҳо амал намо».46

Рўза дар динҳои пеш аз Ислом
низ вуҷуд дошт

Барномаи худопарастӣ ва ибодатҳо дар таърихи зиндагонии инсон реша доранд ва ҳамзамон бо фитрати худоии ў барояш эҳдо гардидаанд.
Ин барномаи худопарастӣ ва низоми ибодатҳо дар динҳои пешини илоҳӣ низ вуҷуд доштанд. Ба монанди фаризаи ҳаҷ, ки ёдгории ҳазрати Иброҳим (ъ) барои пайравони дини мубини Ислом мебошад. Намоз низ дар динҳои пешини илоҳӣ ба шакле вуҷуд дошт. Қуръон аз забони паёмбарони пешин барпо доштани намозро дар чандин мавзеъ нақл намудааст. Худованд дар бораи фаризаи рўза низ ҳаминро мегўяд, ки он дар динҳои пешин ҳам вуҷуд дошт, он ҷо ки мефармояд:

«Эй касоне, ки имон овардаед! Рўза бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна ки бар гузаштагони пеш аз шумо низ фарз гардида буд, то парҳезгор шавед».47 Худованд дар ин оят бо сароҳат мефармояд, ки рўза аз қадимулайём роиҷ буда ва Худованд онро бар пайравони динҳои пешин низ фарз гардонида буд.

46 Мавсўаи дифоъ аз Расули Худо (с). – Ҷ. 4. – С. 191
47 Сураи Бақара, 2: 183.

пешина
аз 190
навбатӣ