РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Вақте рўза соҳиби худро дар ҷодаи некиҳо қарор дод, нишонаи худсозӣ ва таъсири рўза дар рўҳи ў ошкор мегардад. Аз Ибни Аббос (р) ривоят шудааст, ки: «Паёмбар (с) аз тамоми мардум каримтар (саховатманд ва ҷавонмард) буд. Саховату ҷавонмардии он Ҳазрат (с) дар моҳи Рамазон, вақте Ҷабраил (ъ) ба ў дидор мекард, бештар мегашт. Ҷабраил (ъ) дар моҳи Рамазон ҳар шаб ба дидори ў меомад ва Қуръонро бо ў мудораса мекард. Расули Худо (с), вақте Ҷабраил ба дидори ў меомад, аз боди вазон ҳам дастбахайртар буд».48 Пас агар рўза ба таври зинда, яъне бо рўҳи имон ва бар пояи тақво ба ҷой оварда шавад, дар ҷавҳари шахсияти рўзадор ниҳоли сабру бурдборӣ, устуворӣ ва эҳсоси ҳузури Худовандро мекорад.
Рўзаи моҳи Рамазон дар ботини инсон пойгоҳи пурқуввате барои арзишҳои волои инсонӣ ба вуҷуд меоварад. Бинобар ин, шахси рўзадор бояд аз шабҳои моҳи Рамазон низ хуб истифода намояд ва онҳоро бо зикру ибодат, тиловати Қуръон, омўзиши илм ва бо дуъо зинда дорад, то он нуре, ки рўзона бо доштани рўза дар замири ў фурўзон гардидааст, бо хобу хўри бисёр дубора бефурўғ ва хомўш нагардад.
Нақши рўза дар сохтани ҷомеаи намунавӣ
Барои ҳама маълум аст, ки фард ва ҷомеа дар якдигар таъсири мутақобил мегузоранд. Аз афроди солим ҷомеаи солим ба вуҷуд меояд ва ҷомеаи солим дар ташаккул
ва такомули шахсияти инсон нақши асосӣ ва таъсири муҳимме мегузорад. Афрод хиштҳои зербино ва қисматҳои
таҳдоби ҷомеаро ташкил медиҳанд ва ба манзалаи ҳуҷайраҳои пайкари миллат мебошанд.
48 Муттафақун алайҳ аст. Ин ҳадис дар поварақии 27-ум тахриҷ шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё