РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Рўза ибодате мебошад, ки одамони диндор аз дергоҳи таърих барои худсозӣ ва наздикӣ ба Худованд аз он баҳра мегирифтанд.
Ҳатто бутпарастон барои тақвияти ҷанбаи рўҳӣ ва сафои фикрӣ ва зеҳнии худ аз он истифода мебурданд. Бо вуҷуди он ки осор ва ривоятҳои воридгашта дар мавзўи рўза ҷойгоҳ ва аҳамияти онро дар назди динҳои илоҳӣ аз гузаштаҳои дур собит месозанд, вале метавон гуфт, ки рўза ба миллат, гурўҳ ва дине хос ва маҳдуд набудааст, балки он ниёзи фитрии тамоми мавҷудоти зинда мебошад, то гаҳ-гоҳе худро аз хўрдану нўшидан ва дигар корҳо муддате нигоҳ доранд. Рўза ибодатест, ки бо таърихи фитрати инсон ҳамроҳ мебошад.
Вале шаклу миқдори он рўзае, ки дар миёни миллатҳои пешин вуҷуд дошт, шояд аз фаризаи рўза дар шариати Ислом фарқ намоянд. Ривоятҳо ва осори воридгашта дар ин бора гуногун буда, ғолибан аз тафовути шаклӣ ва миқдории он аз рўзаи моҳи Рамазон хабар медиҳанд.
Нақши рўза дар худсозии инсон
Ибодатҳо, умуман, дар худсозӣ, худшиносӣ ва эҳёи маънавии инсон василаи муассире мебошанд. Масалан, рўза ин танҳо як навъи гуруснанишинӣ нест, балки ибодатест, ки рўҳи маънавиёт бар он соя афкандааст. Шахси рўзадор ба монанди намозгузор дар ҳолати ибодат аст, бо ин тафовут, ки дар ин ибодат сухан гуфтан, ҳаракат кардан ва пешбурди корҳои зиндагӣ ҷоиз мебошад. Пас шахси рўзадор бояд рафтору гуфтор ва аъмоли худро дар зиндагӣ ба тавре анҷом диҳад, ки ба моҳияти ибодат созгор бошанд ва он ибодат мафҳуми воқеии худро пайдо намояд.
Рўза бояд бештар бо зикру тиловат ва аъмоли нек ҳамроҳ бошад, зеро некиҳо ва амалҳои хуби инсон дар ин моҳ арзиши бештаре дар пешгоҳи Худованд пайдо мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё