Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Бибинед, тамоми дарҳои биҳишт кушода ва дар интизори бандаи рўзадор мебошанд. Аммо бандаи рўзадор дар пешгоҳи Худованд манзилат ва ҷойгоҳе дорад, ки аз ҳар дари он ворид намегардад, балки аз
дари махсусе, ки ба ифтихори онҳо кушода шудааст, вориди биҳишт мегардад. Ба он дар «Райён» (шодоб) гуфта мешавад. Паёмбар (с) мефармояд: «Барои аҳли ҳар
амале яке аз дарҳои биҳишт махсус мебошад ва ў аз он
дар нидо карда мешавад. Барои аҳли сиём (рўза) бошад,
дарест, ки ба он «райён» гуфта мешавад».53

Маънои Рамазон

Калимаи Рамазон аз решаи «рамз» гирифта шуда, ба маънои тафсондан ва ё тафсидан ва гудохта шудан дар зери ҳарорат ва гармии офтоб мебошад.54 Албатта, робитаи дақиқе дар миёни моҳияти истилоҳии моҳи Рамазон ва маънои луғавии он ба чашм мехўрад.
Ин моҳ ҷисми инсонро дар кураи фаризаи илоҳӣ ва коргоҳи рўза амалан мегудозад ва ҷавҳари шахсият ва одамияти ўро аз тамоми олудагиҳо пок месозад. Рўзаи бо рўҳу маъно, ки бо алангаҳои гуруснагиву ташнагӣ ҳамроҳ мебошад, нафси инсонро аз тафтаҳои нафсонӣ пок мегардонад. Ҳамин аст, ки Худованд ду сўзиш ва ду ҳароратро бо ҳам ҷамъ намесозад. Сўзиши гуруснагиву ташнагӣ дар моҳи Рамазон ва сўзиши дар оташи дўзах.
Вақте вуҷуди шахси рўзадор дар коргоҳи моҳи Рамазон гудохта мешавад ва аз тамоми палидиҳо пок мегардад, дигар ҳоҷате ба гудохтани дубораи ў дар оташи дўзах боқӣ намемонад. Оташи дўзах одамонеро месўзад ва дар худ мегудозад, ки дар дунё худро бо барномаҳои инсонсози ойини Ислом, аз ҷумла, бо ин василаи муассири илоҳӣ пок насохта бошанд.

  1. Мусаннафи Ибни Абўшшайба. – Ҷ. 2. – С. 425. Дар дигар китобҳои ҳадис бо дигар лафзҳо ривоят гардидааст.
    54 Муфрадот. – С. 366, зайли моддаи: рамз.
пешина
аз 190
навбатӣ