РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Паёмбар (с) рўзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номидааст.55 Қуръони карим ва суннати Расули акрам (с) ҳадафҳои фарзшавӣ, фалсафаи аҳком ва дигар ҷанбаҳои моҳи Рамазонро бо таъбири расое баён намудаанд ва мо низ кўшиш менамоем, ки онро дар партави оятҳои Қуръон ва баёноти суннат пешкаши хонанда намоем.
Рўза дар партави оятҳои Қуръон ва баёноти суннат
Қуръони карим бо баёни расо ва ибораҳои зебое фалсафа, ҳадафи фарз гардидан, муҳимтарин аҳком ва ҷанбаҳои гуногуни рўзаи моҳи Рамазонро бозгў намудааст. Пеш аз ҳама, собиқаи деринаи таърихӣ доштани ин фаризаи илоҳӣ дар миёни миллатҳои гузашта ва ҳадафи фарз гардидани онро бар миллатҳо дар тўли таърихи башарият баён менамояд.
Рўза, чӣ тавре аз ҷониби Худованд бар мусалмонон фарз гардонида шудааст, бар умматони пешин низ фарз ва муқаррар шуда буд, то мусалмонон ба баракоти он ба тадриҷ роҳи тақво ва худсозиро дар пеш гиранд. Ба вуҷуд омадан ва устувор гардидани пойгоҳи тақво ва ирода дар шахсияти инсон муҳимтарин ҳадафи ин фаризаи илоҳӣ мебошад. «Эй касоне, ки имон овардаед, рўза бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна ки бар умматони пеш аз шумо фарз гардонида шуда буд, то шумо (аз ин роҳ) тақво намоед».56
Чӣ тавре дар ин оят мушоҳида мешавад, манзури Ислом аз барномаи рўзаи моҳи Рамазон, ки аз худдорӣ аз хўрдану нўшидан ва дигар аъмоли хилофи муқаррароти рўза иборат мебошад, ба гуруснагиву ташнагӣ ва дар зарфи як моҳ ба заъфу нотавонии ҷисмӣ кашидани мардум намебошад, балки Қуръони карим муҳимтарин ҳадафи ин барномаро тақво ва худсозии инсон эълом намудааст.
55 Ишора ба ҳадисе мебошад, ки Паёмбар (с) дар он мефармояд:
«Рўза сипаре аст. Пас касе аз шумо рўзадор бошад, фисқу беҳудагӣ наварзад ва ба ҷаҳолат роҳ надиҳад. Агар касе ҳам бо ў ситеза (ҷанг) намояд ва ё ўро дашном диҳад, ду бор бигўяд: Ман рўзадор ҳастам …». Ин ҳадис дар поварақии 27-ум тахриҷ шудааст.
56 Сураи Бақара, 2: 183.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё