РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Ба ин маъно, ки шахси рўзадор бори дигар тавоноиҳои рўҳӣ, нерўи ирода ва зарфиятҳои инсонии худро дар зарфи як моҳ таҷдид намояд ва бо рўҳиёти тоза ва нерўи нав ба эъмори зиндагӣ бипардозад.
Ин оят ҳамчунин ваҳдати динҳои илоҳӣ ва ягонагии башариятро дар усули эътиқодӣ ва барномаҳои ибодатӣ аз дергоҳи таърих эълон менамояд, ба ин маъно, ки дини Худо, асли яктопарастӣ ва низоми ибодатҳо ҳамзамон бо офариниши насли инсон собиқаи таърихӣ дошта, башарият аз ҳамон оғози пайдоиш бо усули эътиқодоти тавҳидӣ ва барномаи ибодатҳо фаро гирифта шудааст ва дар ин замина тамоми қавмҳо ва халқиятҳои гуногунро як асл – дини Худо бо ҳам мепайвандад.
Қуръони карим дар чандин маврид эълон менамояд, ки асли тавҳид ва чаҳор рукни амалии бинои Ислом:
намоз, закот, рўза ва ҳаҷ, ки барномаи ибодатҳоро ташкил медиҳанд, гузаштаи таърихӣ дошта, бар умматони дигаре, ки пеш аз зуҳури дини Ислом ба сар бурдаанд, низ фарз гардида буданд.
Рўза дар чанд рўзи башумор, ки ҳамон айёми моҳи мубораки Рамазон мебошанд, фарз мебошад. Агар касе аз мусалмонони дорои шароити гирифтани рўза дар ин моҳ бемор шавад ва ё ба сафар барояд ва натавонад ба рўзаи худ идома диҳад, пас шаръан барои ў иҷозат аст, ки рўзаашро бихўрад ва вақте тандуруст ва муқим гардид, бар вай воҷиб аст, ки ба андозаи рўзҳои хўрдааш ба таври қазо рўза бигирад. «Он чанд рўзи башуморе мебошад. Пас касе аз шумо (дар аснои моҳи Рамазон) бемор ва ё дар сафар бошад, (рўзаашро бихўрад ва пас аз солим ва муқим гаштан) ба ҳамон андоза аз рўзҳои дигар (қазои онро бидорад)».57 Албатта, дар ин ҷо беморие дар назар аст, ки гирифтани рўза онро сахттар ва ё шифоашро ба таъхир меандозад ва манзур аз сафар низ сафари шаръӣ мебошад.
Ин яке аз сабукиҳое мебошад, ки барои мусалмонон дар гирифтани рўзаи моҳи Рамазон аз ҷониби шаръ дар назар гирифта шудааст.
Одамоне, ки дар натиҷаи пирӣ ва нотавонии ҷисмӣ бо заҳмат ва сахтӣ рўза мегиранд, яъне гирифтани рўза барояшон бисёр пурмашаққат ва тоқатфарсо аст, шаръан метавонанд рўзаи моҳи Рамазонро ифтор намоянд ва ба ҷои ҳар рўзи он ба андозаи таоми як мискин фидя (пардохти молие) диҳанд, яъне як бенаворо таом диҳанд. «Ва бар касоне, ки онро бо заҳмат ва сахтӣ медоранд, фидя аст (ба андозаи) таоми як мискин».58 Вале агар онҳо бо рағбати худ бештар хайр намоянд, ин барояшон беҳтар мебошад. Яъне агар барои ҳар мискин аз андозаи муқарраршуда бештар таом диҳанд ва ё ба ҷои як мискин ба ду мискин таом диҳанд, боз барояшон савоби зиёдтар дорад. «Он гоҳ касе бо рағбати худ (ва аз рўи татаввўъ) аз он бештар хайре намояд, он барояш беҳтар аст».59 Бо ҳамин рўзаи моҳи Рамазон аз онҳо соқит мегардад ва қазое ҳам бар онҳо воҷиб намебошад. Ин сабукии дуюме мебошад, ки Худованд барои мусалмонон дар моҳи Рамазон дар назар гирифтааст. Вале бо вуҷуди ин дар тамоми суратҳои зикршуда Худованд гирифтани рўзаро барои онҳо, агар фазилат ва савоби онро бидонанд, беҳтар гуфтааст. «Ва рўза доштан (дар тамоми ин ҳолатҳо), агар медониста бошед, бароятон беҳтар аст».60
57 Сураи Бақара, 2: 184.
58 Сураи Бақара, 2: 184.
59 Сураи Бақара, 2: 184.
60 Сураи Бақара, 2: 184.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё