Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Рўза барои шахси мусофир

Пас ҳар касе дар ин моҳ ҳозир, яъне ғайри мусофир
бошад, онро рўза бидорад. Ва касе дар он вақт бемор ва
ё дар ҳолати сафар бошад, шаръан иҷозат дорад, ки рўзаашро бихўрад, вале пас аз он ба ҳамон андоза аз рўзҳои дигар рўза бидорад. «Пас касе аз шумо (он) моҳро шоҳид гардад, онро рўза бидорад ва касе (дар он вақт) бемор ва ё дар сафар бошад, (метавонад рўзаашро бихўрад
ва ба ҷои он) чанд рўзи дигареро рўза бидорад».67
Худованд ба бандагонаш осониро мехоҳад на душвориро ва то бо гирифтани қазои Рамазон дар вақти дигар ҳисоби рўзҳои онро такмил намоянд. Худованд бо
назардошти ҳолатҳои гуногуни инсон, ба монанди тандурустиву беморӣ ва сафару ҳазар шароит ва муқаррароти хосеро муайян намудааст, то дар ҳеҷ ҳолат барои
онҳо душворӣ ва сахтие пеш наояд ва дар ҳеҷ вазъе
риштаи пайванди ибодат дар миёни Ў ва бандааш канда набошад. «Худо ба шумо осонӣ мехоҳад ва (дар ҳаққи) шумо душвориро намехоҳад ва то ҳисоби рўзҳо (-и
онро) такмил намоед».68
Ин амр аз як ҷониб, барои банда сабукиеро ба ҳамроҳ дорад ва аз ҷониби дигар, бо ба ҷой овардани қазои
рўзҳои фавтшуда Худованд адади онҳоро ба таври комил аз ў мепазирад. Ин беҳтарин барномаи ҳидоят мебошад, ки тамоми ҳолатҳои инсон дар он дар назар гирифта шудааст. Пас Худоро бо ин ҳидояташ ба бузургӣ
ёд намоед ва шояд ҳамин тавр шукргузор гардед. Ҳатто
ҳамон рўзҳои дигаре, ки дар он қазои рўзаи фавтшуда
ба ҷой оварда мешавад, муносибтарин лаҳзаҳо барои ба ёд овардани неъмати ҳидоят ва бузургиву азамати Худо мебошанд.

67 Сураи Бақара, 2: 185.
68 Сураи Бақара, 2: 185.

пешина
аз 190
навбатӣ