РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
«Ва то Худоро бар он ҳидояте, ки шуморо намуда, ба бузургӣ ёд намоед ва то шояд ҳам шукргузор гардед».
Шахси мусофир дар гирифтан ва нагирифтани рўзаи моҳи Рамазон ҳар ду ихтиёр дорад. Дар ривоятҳо омадааст, ки вақте саҳобагон ҳамроҳи Паёмбар (с) дар моҳи Рамазон ба сафар мебаромаданд, баъзе аз онҳо рўзадор ва баъзе рўзахўр буданд. Онҳо якдигарро, яъне на рўзадор рўзахўрро ва на рўзахўр рўзадоро бар ин кор айб намегирифтанд,69 балки аз феъли Паёмбар (с) собит шудааст, ки ў дар чунин ҳолатҳо рўзадор буд.
Дар Саҳеҳи Муслим аз Абўддардо (р) ривоят шудааст, ки: «Ҳамроҳи Паёмбар (с) дар моҳи Рамазон дар гармои сахте хориҷ шудем. Мардум аз шиддати гармӣ даст бар сар мениҳоданд. Дар ин ҳолат дар байни мо ғайр аз Паёмбар (с) ва Абдуллоҳ ибни Равоҳа касе рўзадор набуд».70 Дар ривоятҳои дигаре дар Саҳеҳайн ва ғайри онҳо омадааст: «Расули Худо (с) дар моҳи Рамазон барои фатҳи Макка хориҷ гашт ва вақте ба Кадид (ном мавзее) расид, ифтор кард ва мардумро фармуд ифтор намоянд».71
Аз маҷмўи ривоятҳое, ки дар ин бора омадаанд, бармеояд, ки гирифтан ва нагирифтани рўза дар сафар ба ҳоли шахс вобастагӣ дорад.
69 Ишора ба ҳадисе мебошад, ки дар Саҳеҳи Бухорӣ, 1845, Саҳеҳи Муслим, 2610, 2612, 2613, 2614, 2615, Сунани Абўдовуд, 2405, Сунани Тирмизӣ, 712, 713, Сунани Насоӣ, 2308, 2309, Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, 3558 ва Саҳеҳи Ибни Хузайма, 2030 ривоят шудааст.
Дар Саҳеҳи Муслим аз Абўсаъиди Худрӣ (р) омадааст, ки: «Ҳамроҳи Расули Худо (с) дар моҳи Рамазон ба ғазо (ва муҳориба) баромадем. Баъзеамон рўзадор ва баъзеамон рўзахўр будем. На рўзадор бар рўзахўр ва на рўзахўр бар рўзадор онро айб намегирифт. Назари онҳо ин буд, ки касе дар худ қуввати гирифтани рўзаро дошта бошад ва онро бигирад, чӣ хубе ва касе онро натавонад ва ифтор намояд, он низ (барояш) хуб аст».
70 Саҳеҳи Муслим, 2625, 2626; Сунани Абўдовуд, 2409; Мисбоҳи мунир. – С.132. Вале Ибни Касир онро дар Саҳеҳайн гуфтааст.
71 Саҳеҳи Бухорӣ, 2794, 4026, 4027; Саҳеҳи Муслим, 2599; Муваттаи имом Молик, 639. – Ҷ. 1. – С. 294; Сунани Доримӣ, 1660. – Ҷ. 1.
– С. 434; Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, 3555, 3556. – С. 626.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё