РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Онҳо либосе (оромиш ва пўшише) барои шумо ва шумо либосе барои онҳо ҳастед. Худованд донист, ки шумо (дар шабҳои Рамазон) воқеан ҳам бар худ хиёнат мекардед, пас бар шумо тавбаатонро пазируфт ва шуморо афв намуд. Ҳоло бошад, бо онҳо мубошират (ва омезиш) намоед ва (аз ин кор) он чизеро талаб намоед, ки Худо бароятон навиштааст ва то равшан шудани риштаи сафеди субҳ бароятон аз риштаи сиёҳ (-и шаб) бихўред ва бинўшед. Пас аз он
рўзаро то шаб ба итмом расонед.78
Таъбироти қуръонӣ ҳам дақиқ
ва ҳам зебо ва ахлоқӣ мебошанд
Таъбироти қуръонӣ ва назокатҳои каломи Худо бисёр боазамат ва ниҳоят зебо мебошанд. Ҳамхобагӣ ва омезиш бо занонро бо беҳтарин лафзҳо, олитарин ифодаҳо ва бо риояи назокат ва асосҳои дақиқи ахлоқӣ баён намудааст. Дар калимоти қуръонӣ аз як тараф, одоби баланди муошират, меъёрҳои олии гуфтор ва ҳусни сухан ва аз сўи дигар, камоли ифода ва фарогирии онҳо ҳолати эъҷоз доранд.
Таъбири: «Онҳо либосе барои шумо ва шумо либосе барои онҳо мебошед» баландтарин мақоми маънавӣ, нафистарин ҳолатҳои рўҳӣ ва зеботарин навъи ҳамзистиро дар барқарор намудани аҳди хонаводагӣ ифода менамояд. Бар ҳамин асос, бунёди хонавода ва бинои пойгоҳи иҷтимоии заношавҳарӣ аз дидгоҳи Ислом аз ҳар гуна қарордодҳои дуҷониба болотар буда, азамат ва арзиши ин ниҳодро дар пешгоҳи Худованд нишон медиҳад. Ҳеҷ таъбири дигаре наметавонад ҷанбаҳои гуногуни маъноии калимаи либос ва пўшишро дар ин маврид ба ин дақиқӣ ва зебоӣ баён намояд.
78 Сураи Бақара, 2: 187.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё