Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ҳукми омезиш бо занон ҳангоми эътикоф

Дар зимни ин оят Худованд ҳукми дигареро, ки ба омезиши бо занон иртибот дорад, баён менамояд. Дар боло баён гардид, ки дар шабҳои моҳи Рамазон мубошират ва омезиш бо занон ҳалол гардонида шудааст, вале дар сурате ки шахси рўзадор эътикоф нишаста бошад, дар муддати он эътикоф бояд бо занон омезиш нанамояд. Эътикоф яке аз суннатҳои Расули Худо (с) мебошад, ки шахси рўзадор худро дар масҷид барои ибодати Худо фориғ месозад. Дар шабҳои эътикоф хўрдану нўшидан ҷоиз бошад ҳам, вале ҳамбистарӣ ва наздикӣ бо занон мамнўъ аст. «Ва бо занони худ, дар ҳолате ки дар масҷид эътикоф нишаста бошед, мубошират (ва наздикӣ) нанамоед».79 Дар ояти боло ду ҳолат ва ё ҳукме зикр шудаанд, ки дар ҳеҷ ҷои Қуръон ба онҳо ишорае нашудааст, яке мамнўиятҳои хосе, ки дар ибтидои фарзияти рўза дар шабҳои моҳи Рамазон машрўъ ва ҷорӣ буданд, дуюм, эътикоф нишастан дар масҷид. Ҳукми машрўияти ин ду ҳолат дар ҳеҷ ҷои Қуръон наомадааст ва дар ояти боло танҳо ба бекор кардани мамнўиятҳои шабҳои моҳи Рамазон ишора гардидааст. Дар давоми оят бошад, бахше аз он мамнўиятҳоро барои рўзадороне, ки дар масҷид эътикоф менишинанд, ҳамчунон ба ҳукми худ боқӣ гузоштааст. Пас маълум мешавад, ки ин ду ҳолат – мамнўиятҳои хоси шабҳои моҳи Рамазон дар ибтидои фарзияти рўза ва ҳамчунин эътикоф нишастан бо суннати Расули Худо (с) собит шудаанд ва Қуръон мамнўиятҳои зикршударо дар шабҳои моҳи Рамазон мансух ва бекор гардонд ва эътикофро бо зикри шароит ва одоби хосе боқӣ гузошт.

79 Сураи Бақара, 2: 187.

пешина
аз 190
навбатӣ