Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

а) Аз назари имом Абўҳанифа (рҳ) хўрдани рўза танҳо дар сафарҳои шаръӣ, яъне сафаре, ки ба нияти се рўза роҳ бошад, ҷоиз аст ва дар камтар аз он ҷоиз нест. б) Аз назари имом Шофеъӣ (рҳ) дар сафари як шабонарўза ҷоиз аст. в) Назари баъзе олимони дигар он аст, ки хўрдани рўза дар ҳамаи сафарҳо ҷоиз аст ва он ба муддате маҳдуд намебошад, зеро дар оят ба таври мутлақ омадааст ва ба чизе маҳдуд сохта нашудааст.
Аз назари ҷумҳури фақеҳон гирифтан ва ё хўрдани рўза дар сафар рухсат, яъне ихтиёрӣ аст ва ҳар мусофире бо таносуби ҳоли худ метавонад ба яке аз онҳо амал намояд. Агар дар сафар рўза дорад, рўзааш ҷоиз мегардад ва агар ифтор намояд, он низ барояш иҷозат аст, вале пас аз бозгашт қазои онро бояд ба ҷой оварад.
4. Пирамард ва пиразане, ки аз мадор рафтаанд ва гирифтани рўза барояшон сахтӣ ва машаққате ба бор меоварад, шаръан барояшон иҷозат аст, ки рўзаашонро бихўранд ва ба ҷои ҳар рўзи он ба андозаи таоми мискине фидя диҳанд. Дигар қазое бар онҳо воҷиб нест.
Беморе, ки дигар барои беҳбудиаш умеде намондааст, низ дар ин ҳукм шомил мебошад. Ин гуна бемор низ ба ҷои ҳар рўзи хўрдааш ба андозаи таоми мискине фидя медиҳад. Беморони барҷомонда (музмин) ва гирифторони бемориҳое, ки ғолибан дармоннопазиранд, ба ин гуна беморон дохил мешаванд.
5. Заноне, ки дар ҳолати ҳайз ва ё нифос қарор доранд, шаръан бар онҳо воҷиб аст, ки аз гирифтани рўза худдорӣ намоянд ва пас аз пок гардидан қазои онро ба ҷой оваранд. Рўза доштан барояшон мамнўъ аст.
6. Занони ҳомила ва ширдеҳ агар бар худ ва ё тифли ширхораашон хавф баранд, шаръан барояшон иҷозат аст, ки рўзаро бихўранд ва пас аз вазъи ҳамл ва ҷудо шудани тифл аз шир қазои онро ба ҷой оваранд. Ҷумҳури аҳли суннат иттифоқи назар доранд, ки занони ҳомила ва ширдеҳ пас аз вазъи ҳамл ва ҷудо шудани тифл аз шир бояд қазои рўзаро ба ҷой оваранд, вале дар пардохти фидя нуқта назароти онҳо гуногун мебошад.

пешина
аз 190
навбатӣ