РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Ҳукми масъала дар ин ҷо ҳар ду гурўҳи занони ширдеҳро дар бар мегирад: а) заноне, ки ба фарзандони худашон шир медиҳанд ва б) заноне, ки ба ҳайси доя ба фарзандони шахсони дигар шир медиҳанд.
7. Дар ҳолати гуруснагӣ ва ташнагии сахте, ки бар ҳалокат ва ё нақси ақлӣ ва ҷисмонии шахси рўзадор хавф бурда шавад, хўрдани рўза ҷоиз аст. Масалан, агар аз шиддати гуруснагӣ ва ё ташнагӣ дар моҳи Рамазон хавфи аз даст додани биноӣ барои рўзадор пеш ояд, хўрдани рўза барояш ҷоиз мегардад. Ин ҳолат аксаран барои онҳое пеш меояд, ки машғули корҳои сахти ҷисмонӣ ҳастанд ва барои тарки он чорае надоранд. Фақеҳони киром ин ҳолатро ба ҳоли шахси бемор, ки шаръан барои вай хўрдани рўза иҷозат дода шудааст, қиёс кардаанд.86 Соҳиби «Рад» пас аз баррасии мавзўъ мефармояд:
«Чизе, ки дар масъалаи шахси коргар бояд гуфта шавад, ин аст, ки агар ба андозаи кифоя барои нафақаи худ ва аёлаш пулу мол дошта бошад, хўрдани рўза (бо баҳонаи касб) барояш ҳалол нест ва дар ғайри он метавонад ба қадри кифоя кор кунад ва агар ин амр вайро ба хўрдани рўза маҷбур созад, он барояш ҷоиз мегардад, вақте дар ғайри он имкони кор кардан надошта бошад.
Ҳамчунин агар аз талаф шудани зироат ва ҳосил ва ё дуздида шудани он хавф барад ва касеро наёбад, ки барояш бо музд кор кунад, метавонад рўзаашро бихўрад ва қазои онро пас аз бартараф шудани он ҳолат ба ҷой оварад, ҳамин тавр шахсе барои кор бо касе қарордод баста бошад ва дар вақти Рамазон соҳиби кор ба фасхи он розӣ нашавад, метавонад рўзаашро бихўрад».87
Пас ҳолатҳое, ки хўрдан ва ё нагирифтани рўза дар онҳо ҷоиз аст ва узрҳои шаръӣ ба шумор мераванд, шаш чизанд: а) беморӣ, б) сафар, в) пирӣ ва калонсолӣ, в) ҳайзу нифос, г) ҳомилагӣ ва ширдиҳӣ, д) гуруснагӣ ва ташнагии сахт.
86 Барои донистани ин ки гуруснагӣ ва ташнагии сахт аз назари уламои фиқҳ дар кадом мавридҳо корбурди амалӣ дорад, бояд ба донишмандон ва коршиносони соҳаи фиқҳ муроҷиат шавад.
87 Радду-л-мўҳтор. – Ҷ. 3. – С. 358.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё