РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Маърифат
Аз аввал хонданДар ин сура ба чаҳор хусусият ва фазилати шаби Қадр ишора шудааст:
- Нузули Қуръони карим дар ҳамин шаб оғоз гардидааст,
- он шаб аз ҳазор моҳ беҳтар мебошад,
- фариштагон ва ҳазрати Ҷабраил (ъ) дар он шаб барои анҷоми корҳои муайяне бо амри Парвардигор ба замин меоянд ва
- он шаб то саҳар дар сар то сари олами офариниш садои салому дуруди офаридагони Худованд баланд мешавад ва дар он то субҳ нуру баракат ва амну осоиш ҳукмфармост. Шабест, ки дар он ҷашни ҳамагонӣ дар сар то сари олам баргузор мегардад.
Худованд шаберо бо ин азамат дар ихтиёри рўзадорон қарор дода, то омилҳои бақо ва ҷовидонагии номи нек ва саодату растагории ду ҷаҳонро барои худ фароҳам намоянд. Шабе, ки аз ҳазор моҳ, яъне аз як умри одамӣ, ки бештар аз ҳаштоду се солро дар бар мегирад, беҳтар ва боарзиштар мебошад. Пас агар рўзадоре дар умри худ чандин шаби Қадрро бо тамоми маъно дарёбад, бегумон, хушбахттарин одам ҳамон кас аст.
Шаби қадраш ҳазор моҳи Худост,
Гӯш кун, нукта парварида шавад!
Гар таконе хӯрӣ дар он як шаб,
Нахли умр аз гунаҳ такида шавад!
(Шаҳриёр)
Шабе, ки баракоти он аз ҳаштоду се сол умри бо тоату ибодат беҳтар аст, чӣ расад ба умри беҳудаву пуч.
Одамоне, ки умреро дар беҳудагӣ ва аз қафои корҳои ботил гузаронидаанд, бояд бештар бикўшанд, то аз ин моҳ ва ин шаб хуб истифода намоянд.
88 Сураи Қадр, 97: 1-5.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё