РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Ҳамчунин ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) ҳангоми ифтор мегуфт: «Аллоҳумма лака сумту ва ъало ризқика афтарту», (Худоё, барои Ту рўза доштам ва бо ризқи Ту ифтор менамоям!).106
Расули Худо (с) агар дар хонаи касе ифтор мекард, барои соҳиби таом ва аҳли он хона дуъо мекард: «Афтара ъиндакуму-с-соимун ва акала таъомакуму-л-аброр ва саллат ъалайкуму-л-малоика», (Ҳамеша дар назди шумо рўзадорон ифтор намоянд, таоматонро некон ва покон бихўранд ва бар шумо фариштагон дуруд фиристанд!).107
Дуъои ифтор
- Заҳаба-з-замау вабталлати-л-ъу-руқу ва сабата-л-аҷру иншоаллоҳ.
Ташнагӣ аз байн рафт, рагҳо сероб шуданд ва иншоаллоҳ аҷр ҳам собит шуд. - Расули Худо (с) мефармояд: Дуъои рўзадор ҳангоми ифтор рад карда намешавад:
Аллоҳумма, иннӣ асъалука бираҳматика-л-латӣ васиъат кулла шайъин ан тағфира лӣ зунубӣ.
Худоё, Туро ба он раҳматат, ки ҳама чизро фаро гирифтааст, мепурсам, ки гуноҳонамро бароям
мағфират намоӣ!. - Аллоҳумма лака сумту ва ъало ризқика афтарту. Худоё, барои Ту рўза доштам ва бо ризқи Ту ифтор менамоям!.
Дуъо барои соҳиби таом ва аҳли хонае, ки дар он ҷо ифтор намояд.
Расули Худо (с) агар дар хонаи касе ифтор мекард, барои соҳиби таом ва аҳли он хона дуъо мекард:
Афтара ъиндакуму-с-соимун ва акала таъомакуму-л-аброр ва саллат ъалайкуму-л-малоика.
Ҳамеша дар назди шумо рўзадорон ифтор намоянд, таоматонро некон ва покон бихўранд ва бар шумо фариштагон дуруд фиристанд!.
105 Сунани Ибни Моҷа, 1753; Мустадраки Ҳоким, 1575. – Ҷ. 2. – С.52 Ҳадисро аз Абдуллоҳ ибни Амр (р) ривоят кардаанд.
106 Сунани Абўдовуд, 2358.
107 Сунани Абўдовуд, 3854.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё