Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ин кори ў ба Паёмбар (с) расид. Паёмбар (с) дигар ўро ба назди худ мехонд ва якҷоя саҳарихўрӣ намуда, ҳар ду ба намоз меомаданд».116 То охирин лаҳзаҳое, ки субҳи содиқ надамидааст, саҳарӣ хўрдан ҷоиз аст. Паёмбари Худо (с) дер саҳарӣ хўрданро таъкид ва дар ҳадисе мефармояд: «Вақте касе аз шумо садои азони (субҳ)-ро шунид ва дар дасташ зарфи обе буд, то ниёзи худро аз об бартараф нанамояд, зарфро ба замин нагузорад!».117 Бедор намудани аҳли хонавода, ба хусус кӯдакон ва нишастан бар сари хони саҳарӣ фазои зебо ва муаттареро дар он нишемани малакутӣ ба вуҷуд меоварад, ки таровати он то дергоҳе дар машоми ҷонҳо боқӣ мемонад.

Ман он мурғам, ки ҳар шому саҳаргоҳ,
Зи боми Арш меояд сафирам.

Агар хаёл кунад, ки ҳанўз шаб аст ва ба хўрдани саҳарӣ машғул шавад ва баъд маълум гардад, ки субҳ муддатест дамида, ё хаёл кунад, ки офтоб ғуруб намуда ва ифтор намояд ва сипас маълум шавад, ки ҳанўз офтоб ғуруб накардааст, дар ҳар ду сурат ба монанди дигар рўзадорон аз хўрдану нўшидан худдорӣ намояд.
Қазо бар вай воҷиб ояд, на каффорат.
Хўрдану нўшидан дар ҳолати иштибоҳи (нафаҳмидан) тулўъ ё ғуруб макрўҳ аст.

116 Мусаннафи Ибни Абўшшайба. – Ҷ. 2. – С. 428.
117 Сунани Абўдовуд, 2350; Мустадраки Ҳоким, 1592 – Ҷ. 2. – С. 58. Ҳоким онро саҳеҳ ва бар шарти Муслим гуфтааст.

пешина
аз 190
навбатӣ