Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Бояд шахси намозгузор ҳузури қалб ва ҳолати оромишро дар намозҳояш дар ин фурсатҳои гуворо ба сурати зебое таҳаққуқ бахшад ва баракоти он айёмро барои худаш дучандон гардонад.
Афсўс, ки имрўз намозгузори мусалмон намози таровеҳро бо суръат ва тезие ба ҷой меоварад, ки дар он на ҳузури қалб ҳосил мегардад ва на оромиши нисбие дар анҷоми рукнҳои намоз риоя мешавад, балки ҳамчун бори сангине дар чанд дақиқа мехоҳад аз он халос гардад.
Агар бандаи мўъмин барпо доштани шабҳои моҳи Рамазон ва истифода аз баракоти он моҳро дар ҳамин гуна намоз хондан бинад, пас бидонад, ки Парвардигор ба чунин намозгузоре «вой» гуфтааст, он ҷо ки мефармояд:
«Пас вой бар он намозгузороне, ки аз намози худ ғофил ва бехабаранд…».119
Дар ҳадиси шариф низ омадааст, ки «Чунин намозе торику сиёҳ ба сўи осмон боло меравад ва ба намозгузор мегўяд: «Зайяъакаллоҳу камо зайяътанӣ» (Худо туро зоеъ созад, ҳамон тавре ки маро зоеъ гардондӣ!).
Намозе, ки бо хушўъ ва ба таври комил баргузор мегардад, сафеду нуронӣ ба осмон мебарояд ва ба соҳибаш мегўяд: «Ҳафизакаллоҳу камо ҳафизтанӣ» (Худо туро ҳифз намояд, чӣ тавре маро ҳифз намудӣ!).120
Бандае, ки мавриди иноёти Худованд қарор гирифта, ифтихори бандагии Ўро ба даст овардааст, набояд бо намози берўҳаш худро ба азобу сарзаниши Худованд рў ба рў созад, балки бояд кўшиш намояд, то намози борўҳу маъное ба пешгоҳи Худованд арза дорад ва вуҷудашро бо нури он зинда созад.

119 Сураи Моъун, 107: 4, 5.
120 Шуъабу-л-имони Байҳақӣ, 3140. – Ҷ. 3. – С. 143; Мўъҷаму-л-авсат, 3117. – Ҷ. 3. – С. 387.

пешина
аз 190
навбатӣ