РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Муҳаддиси бузург Муҳаммад ибни Насри Марвазӣ дар китоби Қиёми Рамазон назари аиммаи сегона – имом Молик (рҳ), имом Шофеъӣ (рҳ) ва имом Аҳмад (рҳ)-ро дар бораи намози таровеҳ чунин овардааст:
Молик фармуд: Дўст дорам, ки мардум дар моҳи Рамазон бо сиву ҳашт ракъат қиём намоянд, он гоҳ имом ва қавм салом диҳанд, пас аз он бо онҳо як ракъат витр бигузорад. Ин амал дар Мадина аз қабл аз ҳодисаи Ҳарра аз саду чанд сол пеш то имрўз идома дорад.
Шофеъӣ мефармояд: Мардумро дар Мадина дидам, ки (дар моҳи Рамазон) бо сиву нўҳ ракъат қиём мекунанд, вале бист ракъат назди ман маҳбубтар аст ва дар Макка чунин (бо бист ракъат) қиём мекунанд. Дар чизе аз ин тангно ва ҳадде, ки ба он мунтаҳӣ шавад, вуҷуд надорад, зеро он намози нофила аст. Агар қиёмро тўлонӣ ва суҷудро камтар карданд, пас ин хуб ва назди ман маҳбуб аст ва агар рукуъу суҷудро бисёр намуданд, он низ хуб аст.
Аз имом Аҳмад пурсида шуд, ки дар қиёми Рамазон чанд ракъат гузорида шавад!? Гуфт: Дар ин бора рангҳое ҳудуди чиҳил гуфта шудааст. Он намози татаввуъ аст.135 Соҳиби Фатҳ – Ибни Ҳумом бар хилофи дигар машоихи мазҳаб дар қиёми моҳи Рамазон ҳашт ракъати онро ҳамроҳи се ракъати витр бо ҷамоат суннат ва тамоми бист ракъатро мустаҳаб медонад.136 Пас набояд бо номи пойбандӣ ба суннати расули акрам (с) ба ин суннати роиҷи исломӣ – бист ракъат будани намози таровеҳ, ки асли он аз сираи амалии расули Худо (с) сарчашма гирифта ва аз аҳди хулафои рошид дар миёни уммат маъмул аст, мухолифат намуд ва онро бо ривоятҳои саҳеҳи исломӣ мухолиф донист, ҳарчанд дар мазҳаби аҳли ҳадис ва бузургоне чун имом Бухорӣ (рҳ) ҳашт ракъат ва дар мазҳаби имом Молик (рҳ) бештар аз бист ракъат гузоридани намози таровеҳ ҷоиз аст. Ин кор – мухолифат бо бист ракъат будани намози таровеҳ ба таври дигаре ба муғолатаҳои Ҳиллӣ – донишманди шиа монанд аст, он ҷо ки дар китоби «Минҳоҷул карома» дар ин бора мегўяд: «Ў (Умар) бидъати намози таровеҳро эҷод намуд, дар ҳоле ки Паёмбар (с) фармуда: Эй мардум, гузоридани намози нофила дар шабҳои моҳи Рамазон бидъат аст. Огоҳ бошед ва дар ҳеҷ шабе аз шабҳои моҳи Рамазон иҷтимоъ накунед ва намози чошт (ҳам) нахонед!».137
135 Абўабдуллоҳ Муҳаммад ибни Насри Марвазӣ, Мухтасару Қиёми-л-лайл ва Қиёми Рамазон ва Китоби витр. – С. 222. – Файсалобод, 1988 м./1408 ҳ.
136 Фатҳу-л-қадир. – Ҷ. 1. – С. 486; Алмавсўату-л-фиқҳияту-л-кувайтия. – Ҷ. 27. – С. 142-143.
137 Абдулазизи Нўъмонӣ, Таҳқиқе перомуни намози таровеҳ. – С. 16.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё