Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Эътикофи воҷибро ба андозаи рўзҳое, ки бар худ воҷиб гардонидааст, қазо медорад ва эътикофи суннатро як рўз қазо медорад. Дар эътикофи воҷиб пай дар пай ба ҷо овардани он воҷиб мебошад ва қазои он низ бояд пай дар пай, яъне пайваста ба ҷо оварда шавад.
Чӣ тавре зикр гардид, эътикофи даҳаи ахири моҳи Рамазон суннат аст, вале чун эътикофи ҳар рўзи он аз рўзҳои дигар мустақил мебошад, дар сурати фосид шудан танҳо қазои як рўз бар вай воҷиб мегардад. Эътикофи мустаҳаб бошад, ба маҳзи фосид шудан ба поён мерасад ва дигар қазое надорад.
Шоёни зикр аст, ки бо хўрдани рўза низ эътикоф фосид мешавад. Зеро рўза дар эътикофи воҷиб ва суннат шарт аст. Дар вақти ба ҷо овардани қазои эътикофи воҷиб ва суннат пас аз моҳи Рамазон ҳатман бояд рўза бигирад.

Эътикофи занон

Занон низ аз ҳуқуқи анҷом додани ин барномаи худсозии ибодӣ бархўрдор мебошанд, вале онҳо бояд дар хонаҳояшон дар ҷое, ки барои баргузории намозҳо ихтисос дорад, эътикоф бинишинанд. Дар масҷиди умумӣ эътикоф нишастани онҳо ҷоиз намебошад, аммо агар қисмате аз бинои масҷид барои намозгузории занон ҷудо гардида бошад, онҳо метавонанд дар он ҷо эътикоф нишинанд.
Барои занон ҳамон ҷое, ки дар он эътикоф нишастаанд, ҳукми масҷидро дорад. Пас бояд тамоми одоб ва муқаррароти эътикофро дар он ҷо риоя намоянд.
Занони шавҳардор барои анҷоми ин барномаи ибодӣ бояд аз шавҳаронашон иҷозат бигиранд. Агар зане пас аз шурўи эътикоф узри моҳона бинад, бояд аз эътикоф хориҷ шавад ва пас аз поёни давраи ҳайзаш як рўз қазои онро дар эътикофи суннат ба ҷой оварад.

пешина
аз 190
навбатӣ