Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Аммо агар шахси эътикофнишастае барои бартараф намудани заруратҳои табиӣ ва ё шаръӣ аз ҷои эътикофаш берун шавад ва пеш ё баъд аз он ба аёдати беморе равад, он ишколе надорад.
Барои адои намози ҷумъа бояд фурсатеро дар назар бигирад, ки дар он фурсат битавонад таҳийяи масҷид ва суннати ҷумъаро дар масҷиди ҷомеъ бигузорад.
Баъд аз гузоридани фарз метавонад барои хондани суннат таваққуф намояд.
Вақте ба таври маҷбурӣ аз ҷои эътикофаш берун карда шавад, эътикофаш фосид мегардад. Масалан, бо идтиҳоми ҷинояте аз тарафи додгоҳ дастгир ва аз масҷид берун карда шавад, эътикофаш фосид мегардад.
Барои рафъи зарурати шаръӣ ва ё табиие аз ҷои эътикофи худ берун гардад ва баъд аз он бемор шавад ва ё пешомади дигаре рўй диҳад, ки сабаби таъхири баргаштан ба ҷои эътикофаш гардад, эътикофаш фосид мегардад.
Дар ҳолати эътикоф бе зарурат ба корҳои дунявӣ, ба монанди тиҷорат ва ғайра машғул гардидан макрўҳ аст, вале дар зарурат боке надорад. Албатта, дар сурати раво будан низ набояд амволи тиҷоратияшро ба масҷид оварад.
Дар вақти эътикоф куллан хомўш нишастан макрўҳи таҳримӣ мебошад. Албатта, аз суханони зишту беманфиат бояд парҳез намояд, вале набояд ба таври куллӣ хомўш нишинад, балки ба хондани Қуръон, зикр кардан ва намоз гузоридан машғул гардад.
Агар дар натиҷаи пешомад ва ҳодисае, ба монанди сўхтор ва дигар ҳаводиси табиӣ натавонад ба эътикофи худ дар он масҷид идома диҳад, дар он сурат ҷоиз аст ба масҷиди дигаре гузарад ва эътикофи худро дар он ҷо ба поён расонад.

Вақте эътикофи воҷиб ва суннат бо яке аз ҳолатҳои номбурда фосид гардад, қазо доштани он дар вақти дигар воҷиб аст.

пешина
аз 190
навбатӣ