Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Моҳи Рамазон мактабест, ки ба шахси рўзадор покизагӣ, каромати инсонӣ, дурустрафторӣ ва шаъну шарафро меомўзад.
Пас аз хотимаи моҳи Рамазон ҳар рўзадоре бубинад, ки дар муносибатҳои иҷтимоӣ ва муомилоти дунявии ў бо мардум чӣ дигаргуние ба вуҷуд омадааст ва онҳо то чӣ андоза дуруст, покиза ва дорои арзиши амалӣ гардидаанд!.
Мактабест, ки пояҳои авотифи нек, рўҳи созандагӣ ва андешаи эъмори ҷомеаро дар қалби мардум таҳким мебахшад. Пас ҳар рўзадоре дар поёни ин моҳ бубинад, ки ин хислатҳо то чӣ андоза дар ҷавҳари шахсияти ў решадор гардидаанд ва нигоҳи ў ба оянда ва талошҳои ў дар ин роҳ то чӣ андоза созанда ва пурбор гардидаанд!.
Мактабест, ки ба мусалмонон дарси ваҳдату ҳамбастагӣ ва ҳамдилиро меомўзад. Пас аз поёни он ҳар рўзадоре бубинад, ки то чӣ андоза барои таҳкими пояҳои ваҳдату якпорчагӣ ва эҷоди ҳамдилӣ дар байни уммати Ислом омода гардидааст ва дар ин роҳ чӣ корҳои амалиеро ба анҷом мерасонад!.
Мактабест, ки шахси рўзадорро дар ҷодаи худсозӣ, расидан ба сафои қалб ва раҳмату дилсўзӣ парвариш медиҳад. Пас ҳар рўзадоре дар хотимаи ин моҳ бубинад, ки то чӣ андоза дорои шахсияти вораста ва нисбат ба қишрҳои гуногуни ҷомеа бо раҳму шафқат гаштааст!.

Рамазон омаду оҳиста садо кард маро,
Мустаидди сафари шаҳри Худо кард маро.

Аз гулистони карам турфа насиме бивазид,
Ки саропой пур аз атру сафо кард маро.

Ҳар сари мўям агар шукр кунад то ба абад,
Кам бувад з-ин ҳама файзе, ки ато кард маро!
(Фатҳуллоҳи Исломниё)

Мактабест, ки дар роҳи мубориза бо ҳавову ҳавасҳои нафс ва расидан ба қуллаҳои баланди инсонӣ ба шахси рўзадор сабру пойдорӣ ва нерўи тавонои рўҳӣ мебахшад.

пешина
аз 190
навбатӣ