Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Пас дар хотимаи он ҳар рўзадоре бубинад, ки дар мубориза бар зидди роҳу рафтори ношоиста ва хислатҳои нописанди худ то чӣ андоза муваффақ гардидааст ва дар роҳи ислоҳи норасоиҳои ахлоқӣ ва пешгирӣ аз таназзули маънавии ҷомеа чӣ корҳои ислоҳиеро анҷом медиҳад!.
Давраест, ки ҳаётро ба майдони ҷунбу ҷўш ва пўёӣ табдил медиҳад ва танбаливу хоболудии ҷисм ва афсурдагии рўҳро дар одамони рўзадор ба нашоту боландагӣ иваз менамояд, вале афсўс, ки мусалмонон моҳи Рамазонро ба моҳи хобу танбалӣ, бекорӣ ва афсурдагӣ табдил намудаанд, моҳеро, ки дар он бояд амалан нармхўӣ, хушрафторӣ ва хушгуфториро биомўзанд, ба моҳи хомўшӣ, туршрўӣ ва дағалгароӣ табдил додаанд!.
Шахси рўзадорро дигар на бо ахлоқи ҳамида, гуфтори ширин, сабру бурдборӣ, арҷ ниҳодан ба ҳуқуқҳои дигарон, кўмаку дастгирии якдигар ва муносибатҳои олии инсонӣ бо қишрҳои гуногуни мардум, балки баъзан бо чашмони хоболуд, суханони дурушт, ҷангу хархаша, рўи турш ва ғайра мешиносӣ. Вақте дар моҳи Рамазон ба чунин одамоне вомехўрӣ, ба худ мегўӣ: бест, ки вай рўзадор аст!.

Дар сиём ар по ниҳӣ, шодикунон неҳ бо кушод,
Чун ҳаром асту нашояд пеши ғамнокон сиём.
Зуд бошад к-аз гиребони бақо сар барзанад,
Ҳарки бар сар афканад монанда домон сиём.
(Мавлоно, Девони Шамс)

Расули акрам (с) дар ифодаи ин маъно, ки касе аз
фазлу бузургӣ дар моҳи Рамазон маҳрум гардад, онро
дар моҳҳои дигар дарнамеёбад ва касе дар моҳи Рамазон барои мағфирати гуноҳонаш амалан ҷидду ҷаҳд наварзад, воқеан ҳам, аз раҳмати Худо дур гаштааст, мефармояд: «Худо (аз раҳматаш) дур созад он касеро, ки
моҳи Рамазонро дарёбад ва барояш мағфират нашавад ва ҳамон тавр бимирад…».156 Яъне вақте инсон дар моҳе, ки аз сўи Худованд барои ҳамин мақсадҳои олии инсонӣ ва натиҷаҳои бузург муқаррар гардидааст, барои ба даст овардани онҳо кўшиш накунад, пас маълум аст, ки онҳоро дар дигар вақтҳо ба даст оварда наметавонад.
Паёмбари акрам (с) дар бораи намоз низ мефармояд: «Касеро намозаш аз бебандуборӣ ва корҳои зишт боз надорад, ў бо он намозаш аз Худо дуртар мегардад».157 Хулоса, парвариши шахсияти солими инсонӣ ва ба вуҷуд овардани малакаи тақво ва худотарсӣ муҳимтарин ҳадафи фиристодани паёмбарон ва барномаи ваҳйи илоҳӣ мебошад ва мўҳтавои барномаҳои ибодатӣ ва низоми худопарастӣ низ ба вуҷуди овардани пойгоҳи тақво дар ботини инсон ва ба сўи камолоти маънавӣ ҳаракат додани ў мебошад.
Бинобар ин, ҳар шахси мусалмон бояд дар ҳадафҳои олии аҳкоми дини Ислом хуб биандешад ва кўшиш намояд, ки аз тоату ибодати Парвардигор самароти нек ва натиҷаҳои дилхоҳе дар роҳи расидан ба тақвои илоҳӣ ва сохтани шахсияти хеш ба даст оварад!.

Иди Фитр омаду Рамазон гашт тамом,
Бар шумо ҳамсафарони сафари рӯза салом!

Рӯзаҳотон ҳама дар пеши Худованд қабул,
Рӯзгори хушатон мазҳари тавфиқ мудом!

Иззату ҳиммататон шоҳиди таъйиду зафар,
Идатон хурраму шириниятон бод ба ком!
(Наҷво)

156 Мўъҷаму-л-авсат, 8131. – Ҷ. 8. – С. 113.
157 Мўъҷаму-л-кабир, 11025. – Ҷ. 11. – С. 46.

пешина
аз 190
навбатӣ