РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Ва аммо дар мавриди субути моҳи нави иди Фитр ҳангоми абрнок будани осмон, шаҳодати як нафар мусалмони одил кофӣ дониста нашуда, балки шаҳодати ду марди мусалмони одил ва ё як марди мусалмони одил ҳамроҳ бо ду зани мусалмони одил мавриди қабул аст ва ҳангоми соф будани осмон бояд шумораи шоҳидҳо ба ҳадде бошад, ки бо хабари онҳо илми яқинӣ дар бораи дидани моҳи нав ҳосил шавад.
Сухани мунаҷҷимон (астрологҳо) ва ҳисоби уламои фалак (астрономҳо) дар дидани моҳи нав шаръан эътиборе надорад ва бо он ҳукми рўъяти моҳ собит намешавад ва он бояд танҳо ба тариқи дидан собит шавад. Вале истифода аз дурбин, расадхонаҳо ва дигар васоили илми муосир дар мушоҳидаи он боке надорад ва вақте моҳи нав бо ин васоил дида шавад, дар сурате шартҳои шаръан зарурӣ дар шахси бинанда таҳаққуқ ёфта бошанд, рўъят эътибори шаръӣ пайдо мекунад. Ба ин маъно, ки шахси бинандаи ҳилол бо дурбин ва ё аз тариқи расад мусалмони оқил ва одил бошад.
Шоёни зикр аст, ки ҳисоби астрономӣ ва пешбиниҳои мунаҷҷимон аз рўъяте, ки дар таълимоти исломӣ мавриди эътибор аст, фарқ дорад.
Ҳадисро Тирмизӣ ба ривояти Симок мухталафун фиҳ (заъиф), Насоӣ мурсал ва Ибни Хузайма ва Ибни Ҳиббон ҳадиси саҳеҳ гуфтаанд. Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) низ дар бораи ҷоиз будани шаҳодати як нафар барои рўъяти ҳилоли Рамазон ривоят шудааст. Тирмизӣ пас аз зикри ихтилофе, ки дар бораи ҳадиси Ибни Аббос (р) вуҷуд дорад, мефармояд: «Дар назди аксари аҳли илм бо ҳамин ҳадис амал мешавад. Ибни Муборак (Абдуллоҳ), Шофеъӣ, Аҳмад (ибни Ҳанбал) ва аҳли Куфа (ҳанафиҳо) ба қабули шаҳодати як нафар дар гирифтани рўза (дар сурати абрнок будани ҳаво) қоил мебошанд. (Тўҳфаи Аҳвазӣ. – Ҷ. 3. – С. 424, 425).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё