РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Вале агар ҳаво абрнок бошад ва ба ҳеҷ сурат моҳи нав дида нашавад, моҳи шаъбонро 30 рўз пурра месозанд ва пас аз он моҳи Рамазонро оғоз менамоянд. Роҳи якуми муайян намудани оғози моҳи Рамазон дар ояти 185-уми сураи Бақара низ омадааст:
«Пас ҳар касе (ҳилоли) моҳи Рамазонро бубинад, рўзаи онро бидорад».
Бо дидани ҳилол (моҳи нав)-и моҳи Рамазон рўза шурўъ ва бо дидани ҳилоли моҳи шаввол ба поён мерасад. Аз ин рў, лозим аст, ки мардум ҳангоми ғуруби рўзи бисту нўҳуми моҳи шаъбон дар талаб ва ҷустуҷўи моҳи нав бароянд. Ҷустуҷўи моҳи нав дар шаби сиюми моҳи шаъбон бар мусалмонон воҷиби кифоӣ мебошад.
Агар осмон абрнок буда, имкони дидани моҳи нав вуҷуд надошта бошад, сӣ рўз аз моҳи шаъбонро пурра намуда, пас аз он рўза бигиранд. Дар чунин ҳолат рўза гирифтани рўзи сиюми моҳи шаъбон, ки ба рўзи шак маъруф аст, макрўҳ мебошад.
Ҳар гоҳ осмон абрнок буда, имкони дидани моҳи нав (ҳилол) вуҷуд надошта бошад ва як нафар мусалмони одил (озод ё барда, мард ва ё зан) гувоҳӣ дод, ки дар рўзи бисту нўҳуми шаъбон моҳи навро дидааст, шаҳодати ў пазируфта мешавад. Аз Ибни Аббос (р) ривоят шудааст, ки: «Аъробие назди Паёмбар (с) омад ва гуфт: Ман ҳилол (-и моҳи Рамазон)-ро дидам. Паёмбар (с) аз вай пурсид: Оё ба ягонагии Худованд шаҳодат медиҳӣ? Гуфт:
Оре. Боз пурсид: Оё ба ин ки Муҳаммад фиристодаи Худост, шаҳодат медиҳӣ? Гуфт: Оре. Он гоҳ Паёмбар (с) ба Билол дастур дод: Дар миёни мардум нидо кун, ки фардо рўза доранд».161
Агар осмон соф бошад, гувоҳии як ё ду нафар дар мавриди дидани моҳи нави моҳи мубораки Рамазон пазируфта намешавад, балки дар ин ҳолат бояд шумораи шоҳидҳо ба ҳадде бошад, ки бо хабари онҳо илми яқинӣ (аниқи кор) дар бораи дидани моҳи нав ҳосил шавад.
161 Сунани Абўдовуд, 2340, 2341; Сунани Тирмизӣ, 691; Сунани Насоӣ, 2112, 2113, 2114; Сунани Ибни Моҷа, 1652.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё