Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Вай мегўяд: «Ба Шом рафтам ва кори ўро анҷом додам. Пас моҳи Рамазон бар ман дар Шом фаро расид ва ҳилол (-и моҳи Рамазонро) дар шаби ҷумъа дидам, пас аз он дар охири моҳ ба Мадина баргаштам. Абдуллоҳ ибни Аббос (р) аз ман пурсид: Моҳи навро кай дидед? Гуфтам: Шаби ҷумъа онро дидем.
Гуфт: Ту онро дидӣ? Гуфтам: Оре, ва мардум ҳам онро диданд ва рўза доштанд ва Муъовия (ҳам) рўза дошт.
(Ибни Аббос) гуфт: Лекин мо онро шаби шанбе дидем ва ҳанўз рўза медорем то он ки сӣ рўзро комил гардонем ва ё боз моҳи навро бибинем. Гуфтам: Оё бо дидани Муъовия иктифо намекунӣ? Гуфт: Не, Расули Худо (с) ба мо ҳамин тавр амр кардааст».164 Ҳарчанд аз назари ҷумҳури аҳли илм тамоми матлаъҳо дар субути ҳилоли моҳи Рамазон як матлаи умумӣ ба шумор раванд ҳам, дидгоҳи дуюм низ хеле қавӣ ва бар асоси далели шаръӣ бино ёфтааст. Бинобар ин, ҳайати кибори уламои мамлакати Саудӣ ҳеҷ кадоми онҳоро бар якдигар тарҷеҳ надода, барои ҳар кишвари исломӣ ва сарзаминҳои ҳамҷавори он ҳаққи интихоби яке аз ду назари фиқҳиро қоил шудааст, яъне уламои ҳар кишвар метавонанд бо яке аз ду дидгоҳи фиқҳӣ дар бораи матлаъҳо, ки ба шароити иҷтимоӣ ва ҷуғрофиёии хоси худашон муносибтар бошад, амал намоянд.165 Назари ҷумҳур дар ин маврид беҳтар ба назар мерасад, зеро ваҳдати дар матлаъҳо, ки ваҳдати дар рўза ва дар идро ба вуҷуд меоварад, сабаби ваҳдат ва ҳамбастагии мусалмонон мегардад. Бинобар ин, Маҷлиси Маҷмаи фиқҳи исломӣ дар нишасти сеюми худ дар шаҳри мутобиқ ба 11-16 октябри соли 1986 м. баргузор гардид, пас аз баррасии ду масъала дар қазияи якпорчасозии оғози моҳҳои қамарӣ: а) ҳаҷми таъсири ихтилофи матлаъҳо дар ваҳдати оғози моҳҳо ва б) ҳукми исботи аввали моҳҳои қамарӣ ба василаи ҳисоби астрономӣ қарори зеринро ба тасвиб расонд:
Якум, вақте рўъяти моҳ дар кишваре собит гардид, бар ҳамаи мусалмонон воҷиб аст, ки ба он амал намоянд. Тафовути матлаъҳо эътиборе надорад. Зеро рўи хитоб дар амри ба рўза ва ифтор бо дидани моҳ ба сўи умуми мусалмонон аст.
Дуюм, он бояд танҳо ба тариқи рўъят собит шавад, вале ба хотири риояи аҳодиси набавӣ ва ҳақоиқи илмӣ аз ҳисобӣ астрономӣ ва расадҳо дар дидани он кўмак гирифта шавад.166 Вале чун масъала аз ҷумлаи масоили ихтилофӣ аст, пас аҳли ҳар сарзамине метавонад ба яке аз онҳо амал намояд ва касе ҳам шаръан ҳаққи сарзаниши онҳоро надорад.
Дидгоҳи дигаре низ дар ин масъала вуҷуд дорад, ки қоил ба ин мавқеъ аст: Агар матлаъҳои сарзаминҳои гуногун ва минтақаҳои ҳамҷавор дар тўлу арзи ҷуғрофиёии худ ба ҳам наздик бошанд, пас матлаи яке аз онҳо матлаи дигарон низ ба шумор меравад, вале агар дар миёни онҳо тафовуте ба андозаи фосилаи байни қитъаи Осиё ва Амрико вуҷуд дошта бошад, пас метавон матлаъҳои онҳоро гуногун эътибор кард. Зеро фосилаи замоние, ки матлаи ин ду минтақаро аз ҳам ҷудо месозад, ҳудуди дувоздаҳ соат, яъне ним шабонарўзро ташкил медиҳад. Аммо ин дидгоҳ ба эродҳои илмие рў ба рў шуда, ҳанўз аз мавқеи фиқҳии муносибе бархўрдор нагаштааст.

164 Саҳеҳи Муслим, 2523 (1087)-28; Сунани Абўдовуд, 2332; Сунани Тирмизӣ, 693; Сунани Насоӣ, 2110.
165 Алӣ ибни Нойифи Шуҳуд, Мавсўаи Аддину аннасиҳа, Фатовои Рамазон ва мушкилоти рўза ва қиёми шаб.
Аммон – пойтахти кишвари Урдун, ки дар таърихи 8-13 моҳи сафари соли 1407 ҳ.
166 Қарорҳо ва тавсияҳои Маҷмаи фиқҳи исломӣ, қарори № 18 (3/6).

пешина
аз 190
навбатӣ