РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Маърифат
Аз аввал хонданБаёни баъзе масоили ҳилоли Рамазон
- Шахсе рўзи бисту нўҳуми моҳи шаъбон худаш танҳо моҳи нави Рамазонро бинад, бар худи он шахс лозим аст, ки рўза бигирад, на бар дигарон. Вақте сӣ рўз тамом шуд ва ҳилоли моҳи нави шаввол барои ид дида нашуд, рўзи сиву якумро низ бояд рўза бигирад ва бо дигарон якҷоя ид намояд.
- Агар шахсе ҳилоли идро дид, дар сурате ки дигар ҳеҷ кас онро надида бошад, диданаш эътиборе надорад, бояд рўза бигирад. Албатта, ин ду ҳолат ба соф будани осмон иртибот доранд.
- Агар дар натиҷаи абрнок будани осмон дар таърихи бисту нўҳ (29)-уми шаъбон моҳи нав дида нашуд, рўзона то пеш аз завол чизе нахўранд ва нанўшанд, агар хабари дида шудани моҳ расид, нияти рўза кунанд ва агар на, бихўранд.
- Агар дар таърихи 29-уми шаъбон ҳилоли моҳи Рамазон дида нашуд, касе чунин фикр накунад: Ҳоло, ки моҳ дида нашудааст, рўзаи қазоӣ ё назрӣ мегирам, зеро дар ин рўз рўзаи қазоӣ ва назрӣ ҳам макрўҳ аст. Бо вуҷуди ин, агар нияти рўзаи қазоӣ ё назриро кард, баъд аз манбаъҳои мўътабар хабари дидани моҳ расид, рўзааш рўзаи моҳи Рамазон ба шумор меравад. Қазоӣ ва назрро дар вақти дигар бигирад.
- Агар дар ягон шаҳре ё сарзамине моҳ дида шуд, барои тамоми шаҳрҳо дидани моҳ собит мегардад, ҳарчанд миёни ин шаҳр ва бақияи шаҳрҳо фосилаҳо дурӣ бошад.
- Агар дидани моҳи нав дар аввали Рамазон бо шаҳодати ду нафар мусалмони дорои шароит собит шуд ва ба ҳамон ҳисоб сӣ рўз рўза гирифтанд, аммо дар охир барои ид моҳи нав дида нашуд, хоҳ осмон соф бошад, ё не, дар рўзи сиву якум ифтор кунанд ва он рўз рўзи аввали шаввол дониста мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё