РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
- Агар дар рўзи сиюм моҳи нав дида шуд, моҳ аз шаби оянда ҳисоб мешавад, хоҳ пеш аз завол (нисфирўзӣ) бошад ё баъд аз завол.
- Касе, ки пойбанди меъёрҳо ва арзишҳои динӣ нест ва ба сурати ошкоро дар малаи ом ба гуноҳу бебандубориҳо роҳ медиҳад, масалан, намоз намехонад, рўза намегирад, дурўғ мегўяд ва ғайра сухани ўро ҳеҷ эътиборе нест, ҳатто савганд ҳам ёд намояд ва чанд нафар ҳам бошанд, зеро ин қабил мардум бинобар меъёрҳои ахлоқӣ ва стандартҳои арзёбии инсонияти шахс аз назари шариати Ислом адл дониста намешаванд ва поёнтар аз мақоми шоистагӣ ба пазируфта шудани гувоҳиашон дониста шудаанд.
Шартҳои воҷиб гардидани рўза
Дини Ислом тамоми ҳолатҳои гуногуни инсонро, аз қабили тандурустиву беморӣ, марҳалаҳои синну солӣ, пириву ҷавонӣ, қудрату тавоноӣ ва аҷзу нотавонӣ ва ғайра дар вақти анҷоми ибодатҳо дар назар гирифтааст ва онҳоро бар ҳама ба таври яксон воҷиб нагардонидааст, балки бар асоси таълимоти Ислом анҷоми тамоми ибодатҳо пас аз фароҳам гардидани маҷмўаи шартҳое, ки аз ҷониби шариат пешбинӣ шудаанд, бар банда воҷиб мегардад ва рўзаи моҳи Рамазон низ вақте бар банда воҷиб мегардад, ки шартҳои зерин дар вай фароҳам омада бошанд. ин шартҳо бар се қисманд:
а) Шартҳои воҷиб гардидани рўза:
- Ислом.
- Булуғ (ба синни балоғат расидан).
- Ақл.
б) Шартҳои вуҷуби адо:
4. Қудрати рўза гирифтан.
5. Иқомат (муқим будан).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё