Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вақте ки ба ҳузури комиссияи тақсимот даъват шудам, ректор ба ман талабгор будани кафедраро изҳор карда, аз намояндаи вазорат хоҳиш намуд, ки маро ба ихтиёри институт вогузоранд. Дар ҳам ин лаҳза яку якбора боз дудила шудам: мабодо маро лаборант таъин кунанд! Дарҳол розӣ нашуда, андешиданам ҳозиронро ҳайрон кард. Ректор як бор ба ман, як бор ба мудири кафедра Ҷўразода нигариста, норозиёна гуфт:
– Дар институте, ки панҷ сол ба шумо дониш дод, як-ду сол кор кардан намехоҳед?
– Не, майлаш, – гуфтам ман.
Аздусар ба чӣ вазифа таъин карданашонро пурсидан саволи беҷо ва бемаънӣ аст. Ба ғайр аз ин, ҳоло ягон нақшаи аниқе надорам.
Аз мақсад дур наравам, ҳоло маро проректор ҷеғ зад.
– Илтимос, ин касро ба хобгоҳи чорум бареду мудирро ёфта гўед, ки хобгоҳ диҳад. Ана, коғаз – проректор мактубчае ба дастам дода, як духтареро, ки дохилшаванда буданаш аён буд, ба ман ҳамроҳ кард.
Дар назари аввал духтар ҳусну малоҳати чашмхиракунанда надошт, аммо дилкаш, ситорагарм, як духтари қишлоқӣ буд. Ман, ҳатто ба рўяш дурусттар нигоҳ накарда, ўро ба роҳ ҳидоят намудам.
Дохилшавандаи бебарор бошад ҳам, духтар духтар аст, кас дар назди ў дасту по мехўрад. Албатта, ин сабабҳои зиёде дорад. Дар деҳа аз хурдӣ бо духтарон бозӣ кардани бачаҳоро ноҷоиз мешуморанд. Таъсири ин одат ҳанўз аз ман гум нашудааст. Ба ғайр аз ин худи мо ҷавонон ҳам ғалатием.
Қабл аз сухан сар кардан дар рў ба рўи духтар хеле меандешем, иззати нафсамон иҷозат намедиҳад, ки ягон сухани беҷо гуфта, боиси мазоҳ гардем.
Дар хаёли худ ўро бо фариштаҳои осмонӣ баробар мекунему сипас кебида, бо азобе сухан сар мекунем. Ғарқи хаёлҳои ширин аз табиат гап мезанем ва аз суханони сохтаю бофтаи худ хиҷолат мекашем. Баъзе духтарон вонамуд мекунанд, ки варсоқигўии ҷавон дар бораи обу ҳаво ё филмҳои нав шавқовар аст ва бо авзои ҷиддӣ гўш карда, саволҳо. медиҳанд. Ба мисли он, ки филми навро ба деҳа ҳамроҳи лектор мефиристанду мардум пеш аз тамошо вазъгўии ўро ғинги накарда гўш мекунанд, духтарон ҳам таҳи гапро фаҳмиданӣ шуда, гоҳе имкон медиҳанд, ки ҷавонон хуб лаққанд. Аслан, духтарони боҳуш аз ҳамин суханони дар назар пучу берабт ҳам, кию чӣ будани ҳамсўҳбаташонро мефаҳманд. Чунон ки сураткаши моҳир ҳамту беҳуда қалам кашад ҳам, аз зери килкаш ягон тасвири аҷиб мебарояд, сўҳбати беҳудаи одами яклухт ҳам намакдор аст.
Пас аз хеле роҳ рафтан ман ҳанўз ҳам ба рўи духтар нанигариста пурсидам:
– Ба институт медароед?
Духтар ба ишораи тасдиқ сар ҷунбонд. Ман дар дилам ба саволи бемантиқи худ хандидам. Охир ҳеҷ набошад, ба кадом факултет даромаданиед, гўям, намешуд! Ба ҳар ҳол сўҳбат канда нашавад, гап задан даркор. Ман оҳиста ба рўи вай зеҳн мондаму ҳамин ки чашмаш ба чашмам афтод, саросема пурсидам:
– Чаро хобгоҳ надоданд?

пешина
аз 91
навбатӣ