Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ошкоро нахандад ҳам, дар дилаш мазаммат мекунад.
Ман ҳамроҳи ин духтар то бегоҳ мудири хобгоҳро нигарон будам, аммо вай наомад. «Аз паи таъмири хобгоҳ овора гаштаст», гуфтанд, Духтар ба майли хотир дар хараки лаби ҳавз нишаста, китоби «Химия»-ро мехонд.
– Ба фикрам, мудир дигар намеояд,– гуфтам ба тарафи вай наздиктар рафта. Фардо мебиёем, Барои имшаб ҷои хоб доред?
Вай дар ҷавоб ҳеҷ чиз нагуфту фикр карда монд. Баъди фурсате гуфт:
– Ба хонаамон меравам. Саҳар гашта мебиём.
– Оворагии барзиёд. Дер ҳам шуд, гумон аст, ки автобус гардад, – гуфтам ман бидуни ҳеҷ андеша аз рўи фаҳмиши худ. Духтарак ба фикр афтод. Ба хотирам расид, ки вай дар ягон ҷой хоб карданаш даркор. Бинобар он ба ў аввалин чораи ба хаёлам расидагиро пешкаш кардам:
– Бед, ба хобгоҳи мо меравем, духтарон ҳастанд, дар хонаи онҳо хоб мекунед. Кати холӣ мўл. Як шаб ҳазор шаб не.
– Э, чӣ даркор бефараҳ кардан, хонаи амакам меравам.
Аммо ман пай бурдам, ки вай ба чашмони ман нигариста, фаҳмиданӣ аст, ки ба хобгоҳ рафтанаш барои ман ташвише дорад ё не.
– Бевақт шуд. Ба хобгоҳ меравем, назди духтарони мо зиқ намешавед.
Баръакс, ба шумо хеле гапу кор ёд дода мемонанд, – гуфтам ман ва ўро ба роҳ ҳидоят намудам: – Рафтем.
Дар роҳ вай гоҳ баробари ман, гоҳ аз қафо қадам мемонд. Гуфтугўи мо аз тасдиқу инкор дур намерафт.
Рости гап, ман аз вай ин қадар ҷуръат чашмдор набудам. Ба ҳамин дараҷа расидани духтари ҳалқасоиро кӣ бовар мекунад?

Ҳалқасой чандон деҳаи дурдаст набошад ҳам, бо одату анъанаҳои худ аз шаҳр фарқи калон дорад. Вагарна, дур не, дар тори сари пойтахт, дар болои кўҳ. Ба ҳар ҳол, аз шаҳр ҳамин хел менамояд. Агар ба худи деҳа равед, мебинед, ки дар боло боз кўҳҳои баланд бисёру деҳа дар бағали кўҳҳо воқеъ аст. Аз шаҳр то Ҳалқасой бисту чор километр роҳ бошад ҳам, онҳо дар шафати якдигар, дар байн кўҳу тали баланде нест, аз ин рў чорарҳои тарафи муқобилро шабона равшан мебинанд. Агар аз Ҳалқасой пиёда ба роҳ бароед, адир то рафт ба як маром нишеб хўрда меравад. Мардуми деҳа беҳуда намегўянд, ки зимистон пой лағжад, рафта ба Душанбе меафтед.
Бисёр сокинони деҳа ба шаҳр омада, дар корхонаҳо кор мекунанд. Деҳа обод – чароғи электр, магазин, клубу китобхона, мактаби калони дуқабата дорад. Иморатҳои колхозчиён шиферпўш, дар боми хонаҳо антенаҳои телевизорро шумурда намешавад.
Аммо дар бобати зандорӣ мардуми деҳа аз сокинони гўшаҳои канортарине ки урфу одати пешин устувор аст, мегузаронанд. Чунон, ки гуфтам, чор сол пеш мо якчанд нафар фаъолони комсомол бо супориши махсус ба он деҳа рафта будем. Ронанда аз даромади деҳа то идораи колхоз як даст ба сигнал мошин ронд. Бегоҳирўзӣ кўчаи деҳа мурчахона барин виҷ-виҷ мекард. «Ба ҳар хона даҳтагӣ бача рост меояд, ки кам не», мегуфт ронанда.

пешина
аз 91
навбатӣ