Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Ҳамин тариқ, нависанда одамияти баланди қаҳрамонон, адлу инсоф ва виҷдони поки онҳоро на бо тасвирҳои пурвусъат ва лавҳаҳои бузург, балки гўё ҷузъиёти алоҳидаи зисту маишатро реза-реза гирд оварда, як манзараи мукаммалро пеши чашм ҷилва медиҳад. Ҳар қадар ки нависанда воқеаҳои зиндагиро нозуктар ба мушоҳида гирифта, моро бештар ба андеша мебарад, ба ҳамон дараҷа хислатҳои неки инсониро устувор менамояд.
Оре, одамият зарра-зарра гирд меояд. Ҳар инсони асил бо ягон хислати мардумии худ, ҳатто бо хислатҳои хурду ноаён сифатҳои одамии дигаронро заррае зиёд мекунад. Ҳар кадоми мо бояд қобилияте дошта бошем, ки ин зарраҳои инсониятро дида тавонем, ҳарисона аз худ намоем, аз онҳо дар зиндагӣ дастури амал ҷўем. Нависандагон бо нигоҳи заррабини худ ин қобилияти моро равнақ медиҳанд. Нигоҳи нависандагон ҳар чи нозукбинтар бошад, биноии мо ҳам тезтар хоҳад буд.
Дар айни замон дар тасвири бузурги халк як равияи дигаре ривоҷ ёфта истодааст. Ин ҳам бошад, ба сифатҳои хурду ноаёни симои шахс бодиққат чашм дўхтан ва ба ин восита нишон додани бузургии халқ аст. Ба назари мо, Баҳром Фирўз ҳамин равияро пеш гирифтааст. Ин ҳам барои худшиносии маънавию ахлоқии шахс ва халқ дорои аҳамияти бузургест. Дар ин сурат шахс вазифаи инсонии худро боз ҳам нозуктар дарк месозад, зеро рўҳи поки инсонӣ, хулқи неки мардумӣ, дили софи беолоиш ва монанди инҳо зарразарра дар назари ў намоён шуда, бо падидаҳои хурде аҳамияти калони худро намудор месозанд.
Дар баъзе ҳикояҳои Баҳром Фирўз инсон дар оғўши табиат нишон дода шудааст, инсон ва ҳайвоноти гуногуни дастию ёбоӣ як ҷо амал кардаанд («Бобо», «Бузғола ва писарак», «Омаду рафт» ва ғайра). Чунин ҳикояҳо монанди бисёр ҳикояҳои дигари ў, асосан, барои кўдакон ва ҷавонон навишта шудаанд, вале муаллиф дар ин асарҳояш хонандаи калонсолро низ дар назар дорад. Ҳар кадоми ин ҳикояҳо як ҳикмати ҳаётро ифода менамоянд ва ин ҳикмат чунон ифода шудааст, ки барои хурду калон баробар аҳамият пайдо кардааст.
Пайванди ногусастании инсон ва табиат, бо чашми ҳайрат ва мафтунӣ ба сирру асрори табиат, аҷоибот ва ҳусни беолоиши он нигаристани инсон, хусусан хурдсолон дар ин ҳикояҳо на бо калимаҳои зебо ва суханороии зоҳирӣ, балки бо сухани оддӣ, бо қувваи тасвири конкрет нишон дода шудааст. Баҳром Фирўз аз ранги романтикӣ худдорӣ мекунад. Шавқи пурзўри инсон, ки аз мушоҳидаи манзараҳои табиат ва ё рафтори ҳайвоноти гуногун бедор шудааст, дилбастагӣ ва меҳри самимии одам нисбат ба боғу роғ, кўҳу дара, чашмасорону обшорон ё ки нисбат ба ҷонварони дўстрўи содиқ ва монанди инҳо дар асарҳои Баҳром Фирўз бо падидаҳои конкретиашон намудор мегарданд.
Чашми хонанда, хусусан, хонандаи ҷавонро ба зебоиҳои зиндагӣ, ба ҳусни табиат ва дунё кушодан, диққати хонандаро ба дидани наҷобати дили инсон ва хулқи неки ў равона кардан, ба ин восита барои устувор шудани пояҳои инсоният дар ҷамъият кўшидан як шакли ифодаи гуманизм дар асарҳои Баҳром Фирўз аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё