Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Беҳазл? – вай лаҳзае ба чашмони ман чашм дўхт. Нигоҳаш алмос барин, кас тоб оварда наметавонад. – Ин хел бошад, консултатсия диҳед, мешавад,
– вай боз ба чашми ман чашм дўхту ман гапамро гум кардам.
Сўҳбати мо қўр гирифту ним соат барин ё бештар яке дар долон, дигаре ба дар такя карда, дар болои остона рост истода гапзанон кардем. Ман рўзи дигар омаданӣ шудам.
– Соати чанд?
– Соати?... Ҳозир... Рўзона набиёед... Аз қишлоқ ягонтаашон омада монанд... мекушанд. Нағзаш намози дигар. Ҳу, дар сари ҳавз столу стул ҳаст.
– Майлаш, – гуфтам ман. Бо ҳамин хайрухуш кардему ман аз хобгоҳи ў баромадам. Аз ин гуна ранг гирифтани муносибатамон хурсанд будам.

– Хўш, тайёрӣ чӣ хел? Мушкилаш барои шумо «химия» ва «биология»
будагист? – бегоҳии рўзи дуюм дар сари ҳавз ўро машғули китобхонӣ дида пурсидам.
– Аз химия ҷудо метарсам. Аз ҳамин фан тарсида ба институти тиббӣ нарафтам. Ба ин ҷо медароям гўям, ҳамаашон доду вой карданд, ки духтар ҳам агроном мешавад? Бирав, ба муаллимӣ хон.
Гуфтам, ки муаллим намешавам.
– Чиро нафаҳмидед? Мавзўъҳои нағз нафаҳмидаатон ҳаст?
– Ҳаст. Ҳаст ҳам гап, лак-лак! – вай китобу дафтарашро ба даст гирифт.
Китобро варақ зад – варақ заду охир мавзўи «Оксидшавии оҳан» – ро пурсид. Ман оксидшавиро бо мисолҳои осон фаҳмонидам. Баъд барои имтиҳон аз китоб масъала супурдам. Рухсора онро ғалат ҳал кард. Ман саҳвашро фаҳмондам.
– Нигоҳ кунед, агар каландатон занг занад, онро ба оби ҷўй партофта монед, зангаш тоза мешавад?
– Не, – вай шарм дошта, бо табассум рўяшро бо кафи дастонаш руст кард.
– Ана, ба ин ҷо нигоҳ кунед, шумо дар ин формула онро ба об андохта, мегўед, ки зангаш рафт.
Ҳар ду баробар ба дафтар сар хам кардему тори мўи вай ба рўи ман расид. Аз ҳаяҷон лаҳзае гапамро гум кардам. Ба фикрам, ин дам дили ҳардуямон ҳам сахт-сахт тапида дақиқае чанд маҷоли гапзанӣ наёфта, хомўш мондем. Аз афташ, муҳаббат дар ҳам ин гуна дақиқаҳо ба дили кас сахт реша давонда, кам-кам тамоми ҳастии инсонро фаро мегирад.
Аз шарми диловез рухсораҳои нозуки вай ҳар замон як ранги дигар касб мекард.
Баъди соате дарсгўию муҳокима кам-кам ҷараёни сўҳбат тағир ёфт.
Рухсора дар бораи деҳаашон, мактабу муаллимонаш, падару модар ва хешовандонаш ҳикоя кард. Аз суханаш ба назар мерасид, ки вай андаке калонгирӣ ва худнамоӣ дорад, шукўҳу шавкатро дўст медорад. Баъзе воқеаҳоро мегуфту зимнан шавкату эътибори худаш ё наздиконашро зикр кардан мехост. Чӣ гуна ўро ба писараш талабгор шудани директори мактабашонро ҳам бо майда-чуйдаҳояш гуфт. Онҳо хостгор фиристода, «духтаратон хонданӣ бошад, худамон мехононем», ҳам гуфтаанд.

пешина
аз 91
навбатӣ