Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Исрофилзода ба онҳо консултатсия дода, аз рўи одат, худситоӣ кардагӣ.
– Сонӣ вай савол доред, гўён аз бачаҳо пурсид. Аз қатори пеш як бача «истифодаи ҳидроген»-ро пурсид. «Канӣ, ба ин савол кӣ ҷавоб медиҳад?» - гўён муаллим аз мо пурсид. Ҳама хап, донанд ҳам даст намебардоранд. Э, рав-е, гуфтаму хестам. Гуфтам, ки ҳидроген барои гирифтани аммиак, спирт, бензин даркор. Боз бо ҳидроген нафт тоза мекунанд, оҳан мебурранд, гуфтам. Муаллим дуруст гуфту сонӣ таъкид кард, ки ин хел саросема ҳамаашро омехта накунам. Баъд худаш якта-якта ҳамонҳоро фаҳмонд.
Сонитар баъди як-ду давр аз рўи баъзе мавзўҳо саволу ҷавоб кардан Рухсора аз хусуси имтиҳон ва конкурс гап сар карду гуфт:
– Рўзи ҳуҷҷатсупорӣ як пиракӣ, худаш муаллимсуроб ба ҳамроҳаш гуфт:
«Ба ин шўъба панҷоҳ кас мегиранд. Камаш бист ҷой аллакай банд шудагист… Анна барои ҷои мондагӣ ҳамин қадар ариза...» Инро шунида, ба дилам фаҳм афтод… Қариб ҳуҷҷатамро гашта гирам.
Ин гапҳо барои ман нав набуданд.
Рухсора боз нақл кард, ки чӣ гуна порсол аз мактабашон як бачаи коҳилу бадхон омада, ба институти мо дохил шудаасту як моҳ хонда боз институтро партофта рафтаст.
– Вай аслан хонданӣ набуду дадааш ба зўрӣ даровардаанд. Ҷудо бою бадавлат, гапашон мебуррад. Набошад, худи бача китоб ба даст нагирифтааст. Аз хизмати ҳарбӣ монад, гуфта ба институт дароварданд.
Худи бача гуфтаст, ки майлаш ба хизмати ҳарбӣ рафта мебиём, дадааш не гуфтаанд. Бача гуфтагӣ будааст, ки бекора як моҳ мехонаму партофта мебиём.
– Ҳар кас имтиҳонро нағз супорад, хоҳ-нохоҳ дохил мешавад. Шумо хавотир нашавед, албатта, дохил мешавед.
Дам ба дам гирди сари мо чарх задани посбон ғашамро оварду ба Рухсора таклиф кардам, ки ин хел баромада дар хиёбон камтар чарх занем. Вай лаб газиду ба инкор сар ҷунбонд. Шаби ороми ҳаловатбахше буд. Дар лаби ҳавз сари миз ману вай нишаста, ба чашми якдигар нигариста, бо забони нигоҳ чиҳо намегуфтем. Нури чағори электр сояи мижгони ўро ба рўяш андохта буд. Амаки посбон дар рўи кати худ паҳлў зада, транзисторро тофт. Оҳанги мусиқӣ ҳавлиро пур карда дилҳоро ба ҷўш овард. Ман чору ночор хайрухуш кардам.

  1. МУАЛЛИМ ҶЎРАЗОДА

Тамоми ҳаёти бошууронаи мо бо имтиҳонсупорӣ мегузарад, гўям, муболиға намешудагист. Ман аз рўзе, ки ақламро шинохтаам, то ба ҳол имтиҳон месупорам ва ҳамеша рўзи имтиҳон аз хона беношто мебароям.
Субҳи имрўз ҳам беношто ба институт омадам. Ин дафъа Рухсора имтиҳон месупорад, аммо ман ҳам дар изтироб. То саршавии имтиҳон ҳанўз якуним соат вақт бошад ҳам, саҳни институтро писару духтар -- дохилшавандагон, падару модар ва хешу табори онҳо пур кардаанд.
Ман ба дар наздик шуда фаҳмидам, ки ба дарун бо гузарномаи махсус медароянд. Дохилшавандагони ба имтиҳон даъват шудагӣ бо варақаи имтиҳон ворид мешуданд.

пешина
аз 91
навбатӣ