Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Акнун шумо дар мактаби олӣ… хурд нестед, ин қадар тарсу ваҳм? Ҳамроҳи ман ба кўҳу дашт намеравед-ку!
– Э, метарсам, охир.
– Чӣ метарсед? Тавба... Худатон танҳо рафтагӣ барин. Равед, тезтар либос пўшеду бароед! Эҳ-ҳа, агар ин хел кунед, дар институт хондан мушкил. Равед,
– дудилагии ўро дида, боз ташвиқ кардам.
– Ягон гап шавад, шумо гунаҳгор, – ҳазломез ба ман таҳдид кард вай ва баргашта ба хобгоҳ даромад.
Ману ў аз якдигар дур мерафтем. Дар троллейбус ҳам «бегона» барин, ҷудо-ҷудо нишастем. Ду нафар ҷавонон аз ду паҳлўяш гузашта, зўр мезаданд, ки ўро ба гап гиранд. Хандааш меомад. Ҳангоми ба истгоҳ расидани троллейбус вай ба ман менигарист, яъне, мефуроем ё не, гўён мепурсид. Ман ба тарзи инкор сар ҷунбонда, «ҳанўз нарасидаем», мегуфтам.
Баъд аз мошин фуромада, бо кўчаи «Путовский» ба сўи боғи ҳайвонот сарнишеб шудем. Ман пеш-пеш, вай аз ақиб меомад. Болои купруки дарё лаҳзае истода, ба оби кап-кабуди он чашм духтем. Сипас ба якдигар нигариста, хандидему пешу қафо ба роҳ афтодем. Дар таҳдари боғи ҳайвонот ҳеҷ кас набуд. Рўзҳои миёнҳафта ин ҷо камодам аст. Ду-се гурўҳ бачаҳо, яктанимта меҳмонони аз район ё шаҳрҳои дигар омадагӣ ба тамошои ҷонварон саргарм буданду бас. Одамони шаҳр, асосан, ба боғи набототу ҳайвонот рағбат надоранд. Онҳо соатҳои дароз телевизор тамошо мекунанд, ба футбол мераванд. Ҳатто репортажи телевизионро аз боғи ҳайвонот бо шавқ тамошо мекунанду як бор рафта, бо чашми худ ҷонварони зиндаро намебинанд.
Бачаҳо ҳам аз хурдӣ ба стансияи техникҳои ҷавон рафта, чизҳои ғалатӣ сохтанро ёд мегиранд, аммо майсаи ҷавро аз гандум фарқ намекунанд.
Беҳтарин мурғи ҳаво барои онҳо кабўтар аст.
Аҷоибхона ором ва сокин буда, осоишгоҳеро ба хотир меовард. Дар сояи чинорҳои азим товусҳои рангоранг хиромон буданд. Ана, товусе сар аз замин бардошта, бо овози дурушт ҷеғ зад ва сарашро ларзонда, гуё аз овози нохуши худ шармида бошад, ба пойҳои безебаш нигарист. Ҷонварон маро аз хурдӣ ба худ мекашанд, ҳанўз ҳам агар рўзҳои дароз бо онҳо монам, дилгир намешавам. Ҳайвонҳо маро ба олами кўдакӣ ва афсонаҳоям мебаранд. Дар рў ба рўи қафаси оҳу ва ё ғурми кўҳӣ соатҳо рост меистам. Хотираҳо, воқеаҳо аз нав зинда мешаванд. Сари ҳар яке аз ин ҷонварони бегуноҳро сила кардан мехоҳам, мехоҳам, ки аз дастам ягон чиз бихўранд... Боғи Ҳайвонот ҳамеша барои ман боҳашамат, ғайриоддӣ ва хаёлангез аст. Охир, ман хирсро бори аввал дар панҷара не, балки дар кўҳсор, рў ба рў дидагӣ.
– Ана, ин хирс... бачааш қатӣ.
– Хирси сафеди шимолаш ҳамин? Он чи аз фанни зоология хондааст, ба ёд овард ў. – Сафед не-ку?
– Ин хирси кўҳҳои худамон. Дар ин атроф хирс нест, дар тарафи мо бисьёр аст. Дар кўҳҳои баланд зиндагӣ мекунад.
– Одама мехўрад?
– Не, асосан ба одам зиён намерасонад. Ниҳоят бўйгир аст. Дар дунё хирсҳои аз шаст то ҳафтсад кило вазн доштагӣ ҳаст. Баъзан якта, баъзан сеточорта бача мекунад. Зимистон карахт шуда хоб меравад.

пешина
аз 91
навбатӣ