Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз афташ, захми дастам чандон хавфнок нест, ки духтурҳо бештар бо сарам овора.
Ҳама чиз маро оташин мекард. Узвҳои озурдаи баданамро бепарво дастдаст кардани духтур, аз саҳар то шом вақар-вақар беҳудагўии ду нафар ҳамхонаам, дам ба дам ба сарам омада, ҳолҷўӣ кардани ҳамшираи шафқат - Ина - ҳамааш ба ман намефорид. Ҳатто ба ман чунин менамуд, ки Ина барои ҳолҷўии ман не, балки барои бо ҳамхонаҳои ман лаққидан тез-тез меояд. Гоҳе оташин мешудам, ки духтурҳо ба ман дуруст эътибор намедиҳанд. Аксар ҳангом бо ҷойпўш сарамро пўшида, гўшҳоямро бо ду даст руст карда, соатҳои дароз наҷунбида «мехобидам».
Ба ёдам омад, ки дар пуштораам ҳезум аз кўҳ ба поён ғелон шуда, поямро шикаста будам. Дар синфи нуҳўм мехондам. Охирҳои зимистон буд. Ҳамроҳи писари амакам Рустам ба кўҳ барои ҳезум рафтем. Харҳоро дар поён монда, ба кўҳ баромадему аз шоху кундаи бодому арчаҳои хушкида як харӣ ҳезум тайёр кардем. Ман нисфи ҳезумро сахтакак баста, нўги арғамчинро аз зери бағалам гузаронидаму аз сари китфи ростам кашидам. Ба ин минвол ҳезуми ба китфам сахт бастагиро пуштора карда, аз кўҳ сарнишеб шудам. Рўзона яхи рўи замин тунукакак об шуда, зери пой лағжон гашта буд. Аз харсангҳо, аз буттаҳои бодому каҷҷак дошта-дошта хеле поён фуромадам. Аз нишеби лағҷонак фуромадан мадори касро хушк мекунад. Қариб ба поён расидам, буду шуд - саду панҷоҳ метр барин масофа монда буд, ки барои дамгирӣ дар пуштораам ҳезум оҳиста ба замин нишастам. Пойҳоямро рост кардам, дасти арғамчин печондагиамро беҳол ба поён партофтам, китфи озурдаамро аз зери бор гирифта, нафаси бароҳате кашидам. Фароғати ин лаҳзаро фақат одамони корафтода медонанд. Дилатон мехоҳад, ки соате аз ҳама кори ҷаҳон фориғ, озод ва бетааллуқ, дар ҳам ин ҷо, дар ҳамин вазъ хоб кунед... Аммо рўз бегоҳ шуда, арақи бадан зуд хунук мегашт. Арақатон хунук шавад, нағз не... Ман арғамчинро ба ду дастам печонда сахт кашидаму борамро ба пушт бардошта, аз ҷо хестанӣ шудам. Аммо бори вазнин аз боло маро чунон зер кард, ки...
дар пуштораам ҳезум ба поён ғелон шудам. Ҳа, бемуболиға монанди чархи ароба ғелон шудам. Бори пуштам аз ман ҷудо намешуд ва ман дигар зўри онро боздоштан надоштам ва якҷоя мисли чархи ароба ба поён меғелидам.
Ҳезум торафт ҳаво гирифта, суръаташ меафзуд, онро харсангҳою буттаҳои калон-калон ҳам боздошта наметавонистанд. Дар кўҳ панҷ қадам ғеледу истед, не агар истода натавонед, коратон бад! Маънии ин гапро фақат кўҳгардон медонанд. Баъди панҷ-шаш қадам чизи ғелон ҳаво мегирад ва то рафт суръати он шиддат ёфта, ҳеҷ чиз онро боздоштан наметавонад. Дар сари роҳ сангҳои дигарро ба ҳаракат оварданашро ба ёд оред!.. Барои ҳамин ҳам ҳангоми ба кўҳ баромадан ё аз кўҳ фуромадан аз якдигар дур намемонанд.
Санге аз таги пои одами дар боло буда ғелад, то панҷ-шаш метр безарар, аммо сонӣ фалокати азим аст.
Баъди аз як зови начандон баланд паридан ман бо ҳезуми худ ба танаи як бодоми пир дармонда аз ҳалокат наҷот ёфтам. Чанд ҷоям зарбу лат хўрда, пои ростам аз ду ҷояш шикаста буд, ки усто Насруллои шикастабанд онро андохта баст. Дадаам мумиё хўронданду зуд сиҳат ёфта будам. Дарахти бодом маро аз ҳалокат наҷот дод, аммо дар ивази некиаш, ҳанўз коре накардаам, қарздорам.

пешина
аз 91
навбатӣ