Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин проблемаи бузурги мураккаб паҳлуҳои бисёре дошта, Баҳром Фирўз дар ҳикояи «Муаллими сахтгир»
фақат як ҷиҳати онро аз назар гузаронидааст, ки муносибати мардуми атроф ба неку бади зиндагӣ мебошад. Мардум ба рўйдодҳои атрофи худ бояд муносибати фаъолона дошта бошанд. Муносибати бетарафона ва ғайрифаъолона, бепарвоӣ, бедахолатӣ, оромонаю хунсардона нигоҳ кардани баъзеҳо ба рўйдодҳои нохуш, ба ғами дигарон, ба нокасӣ ё каҷрафтории атрофиён боиси вусъат ёфтани бадиҳо мешавад. Як кас аз роҳи рост барояд, чанд кас гунаҳкор аст. Нависанда ҳамин ҳақиқатро хотиррасон намудааст.
Духтури ҷавон Даврон - қаҳрамони асосии повести Баҳром Фирўз «Тору пуд» (1983) ба ҳиллаву найранги бадкирдорон гирифтор шуда ва рафтори онҳоро хеле аз назар гузаронида охир чанд хулосаи муҳим баровард, ки яке аз онҳо ин аст: «Ба ҳамаи ин пасту баландиҳо худамон гунаҳкор... Нуқсонро, ҷиноятро мебинему «ба ман чӣ?» гуфта чашм пўшида мегузарем».
Ин ҷо қаҳрамон «худамон» гуфта худро ва касонеро, ки монанди ў ҳалолкору ростқавл мебошанд, дар назар дорад. Яъне ҳам шахси алоҳида ва ҳам мардуми бисёреро баробар ба назар гирифтааст. Маълум нест, ки сухан аз масъулиятшиносии шахсони алоҳида меравад ё тамоми ҷамъият. Ин номуайянӣ чунин маънӣ дорад, ки нависанда барои ҳодисаҳои манфие, ки дар зиндагии мо ҳастанд, барои бемамоният амал кардани «мардуми ба ҳарому ҳалол бефарқ» ҳам шахсҳои алоҳида ва ҳам тамоми ҷамъиятро баробар ҷавобгар медонад. Ҷавобгарии шаҳрвандии шахс ва вазифашиносии гуманистии ҷамъият сахт ба ҳам марбутанд. На фақат шахс дар назди ҷамъият ва ҷамъият нисбат ба шахс ҷавобгар аст, балки ҳам шахси ҷудогона, ҳам коллективҳои хурду калон ва ҳам тамоми ҷамъият вазифадоранд, ки ба муқобили бадиҳои иҷтимоӣ муттаҳид бошанд, аз як гиребон сар бароранд. Модом ки зиштиҳои иҷтимоӣ қувват гирифтаанд, бояд ҳамаи қувваҳои зидди онҳо ба дараҷаи баробар фаъолияти қатъии якҷоя дошта бошанд.
Чунин ҷамъбастҳои вусъатноки бадеӣ дар ҳикояҳои Баҳом Фирўз каманд.
Вай дар ҳикояҳо хислатҳои қаҳрамон ва симои инсонии ўро бо нишонаҳои хурд ва падидаҳои мушахас нишон дода, аз ҷамъбастҳои вусъатнок худдорӣ мекунад. Инро норасоии биниши бадеии ў донистан лозим нест. Он ҳама майдатасвириҳои конкрети ў барои васеътар шудани дунёфаҳмию зиндагонии мо хизмат карда, бо таъсири эмотсионалии худ моро водор месозад, ки худ хулосаҳои муҳим барорем.
Фақат баъзан худи нависанда аз тасвирҳои на чандон калон, аз ҳодисаҳои маҳдуд, ки зоҳиран ночиз менамоянд, баъзе хулосаҳои муҳими умумӣ мебарорад. Дар як маврид чунин хулосаи ў хеле вусъат ёфта, ба ҳодисаҳои умумии ҷаҳон дахл намудааст. Дар охири ҳикояи «Кабкҷанг» (1976) таассуроти таҳиягар чунин баён шудааст:
«Агар аз кабкҷанги аввал дилтанг будам, аз ин ҷанги нобаробар нафратам ва ғазабам ҷўшид. Умуман, ду ҷонвари бегуноҳро ба ин тариқ ҷанг андохта, парканию чашмкании онҳоро тамошо кардан ва гарав бастан бераҳмӣ, беақлӣ аст.

пешина
аз 91
навбатӣ