Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Аз дилам гузашт, ки башариятро ҳам,ана, ҳамин хелҳо ба ҷанги бародаркушӣ меандохтагистанд».
Ин тарз аз тасвири як воқеаи хурди муқаррарӣ ба ҳодисаҳои калони ҷаҳонӣ гузаштани нависанда ғайричашмдошт аст. Вале шояд маҳз ҳамин гардиши ғайричашмдошт бо таъсири пурзўри эмотсионалӣ моҳияти даҳшатангези ҷангҳоеро, ки сангдилони одамбезор ва дунёхўр сар мекунанд, равшан менамояд.
Ҷамъбастҳои калонтари бадеӣ дар повести Баҳром Фирўз «Ту танҳо не», хусусан дар «Тору пуд» бештаранд.
Повести «Ту танҳо не» бо баррасии проблемаҳои муҳими ахлоқу одоб ва ташаккули шахсияти қаҳрамони ҷавон ҷолиб аст. Дар повести «Тору пуд»
бошад, масъалаи одамият ва муҳофизати он аз тааррузи ноодамон хеле тезу тунд мавриди тадқиқи бадеӣ қарор ёфтааст. Нависандае, ки то ҳол ҳатталимкон аз ошкор шудани ҳиссиёти субъективӣ худдорӣ мекард, дар повести «Тору пуд» гоҳ ўро ончунон ҳаяҷон фаро гирифтааст, ки суханаш ба фарёд монанд аст. Инак, порае аз монологи ботинии қаҳрамони асар, ки садои муаллифро ҳам аз он мешунавем:
«Духтур бисёр шуду беморӣ ҳам афзуд мегўянд, гўё сабабгори беморӣ духтурҳо бошанд. Ана, ин хел маразҳо бисёранд, инҳо одамонро касал мекунанд. Стресси рўҳу эҳсос... Ғалатӣ, чаро барои дурўягӣ, турачигӣ ҳеҷ касро ҷазо намедиҳанд?... Аслан ин мараз ҳам торафт меафзояд. Яъне марази ҳамагир аст. Кай пеши роҳашро мегирем, ҳой мардум?! Ин ҳам грипп барин, дарди зарпарвин барин, балки аз ин маразҳо бадтар аст...»
Нависанда дар повести «Тору пуд» ноодамии ҳаромхўрону пулмастони бетамиз ва ҳомиёни маснаднишини онҳоро бо хашми тамом тасвир кардааст. Баъзан сухани ў тири заҳролудест, ки бехато ба ҳадаф, ба ҷигаргоҳи кўрдилони ваҳшисимо мерасад. Сўзи дили нависанда бисёр баланд буда, виҷдони граждании хонандаро ба ҷўш меорад, ҳиссиёти масъулиятшиносии гражданӣ ва фаъолиятгарии иҷтимоии ўро сахт такон медиҳад. Бар хилофи аксари ҳикояҳои Баҳром Фирўз дар ин повест оҳанги публисистикӣ қувват гирифта, боиси ин шуд, ки мавқеи ҷамъиятии фаъолонаи ў буррову гуё ифода гардид. Сухани бадеии Баҳром Фирўз дар «Тору пуд» сухани асили гуманистӣ мебошад ва бо ҷидду ҷаҳди бештаре пояҳои одамиятро устувор ва ноодамиро маҳкум менамояд.
Масъалаи масъулиятшиносии шахс ва ҷамъият дар «Тору пуд» андак ранги дигар гирифт ва такмил ёфт. Нависанда акнун барои ҳар ҳодисаи баде, ки дар атрофи мо рўй медиҳад, барои падидаҳои ҳаромкорӣ, бетамизӣ, худсарӣ, бемаънавиятӣ на фақат худи онҳоеро, ки ин хислатҳо аз онҳо сар задааст, на танҳо ҳар шахси ҷудогона ё як гурўҳ мардумеро, ки расвоиҳоро дида, чашм пўшидаанд, гунаҳкор медонад, балки масъалаи ҷавобгарии махсуси масъулони расмиро пеш гузоштааст. Кормандони масъули идораҳо, намояндагони ҳокимияти иҷрокор вазифадоранд, ки барои пешгирии ноинсофиҳо, барои аз роҳи хато нигоҳ доштани шахсони алоҳида мубориза баранд ва дар ин роҳ ҳама ҳуқуку имкониятҳои худро пурра истифода баранд. Саргузашти қаҳрамони повест бо қувваи азиме нишон дод, ки вазифаи худро фаромўш кардани кормандони масъул, ба роҳи беинсофӣ даромадани онҳо ба сари мардумони поквиҷдон чи даҳшатҳое метавонад орад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё