Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар роҳ саркор мошинро нигоҳ дошту ба ронанда таъин кард, ки боз як бор ояд. Ба ман дар аввал эътиное накарду баъд дар омади гап, ба тариқи тасаллӣ гуфт:

  • Парво накунед, муаллим... дар ҷавонӣ мешавад... Албатта, нағз нашуд.
    Домуллотона ҳам нафаҳмидам.
    Ман ҳеҷ чиз нагуфтам.
    Мехостам, ки зудтар аз ин мардум ва ин ҷойҳо дур равам.
    Дар кабина нишаста, ба пахтазори хазоншудаи сиёҳчатоб, ки ҳар як ваҷабаш ба ман ошно буд, назар мекардам. Рухсора дар ин ҷойҳо пахта мечид... Рухсораро партофта, ба куҷо ҳам меравам! Бигирам, ки муваққат бошад ҳам аз ин ҷойҳо меравам, аз дидори ин одамон мегурезам, аммо аз шиканҷаи виҷдон, аз нигоҳи пурмаломати Рухсора, Манучеҳр, Инобат, аз таассуф ва дареғгўии Ҷўразода ба куҷо гурехта, наҷот меёбам? Не, одам аз худаш гурехта наметавонад... Ман дар гирдоби фикрҳои муғлақ, дарҳам - барҳам ва парешон ғарқ будам. Гоҳе худ ба худ мегуфтам: бас аст, лаганди ман аз бом афтид, дигар ҷаҳдам ба ҷое намерасад. Сарамро гирифта ба ягон тараф меравам.
    Дигар рўям нест, ки ба чашми одамон нигоҳ кунам. Худам гунаҳкор, худам гумроҳи бебарор, ҳарзахаёли ношуд. Меравам, дигар илоҷ нест, меравам!
  1. АНДЕШАҲОИ РОҲИ ЗИНДАГӢ
    

Дар синну соли ман баъзе ҷавонон дар ҷамъият мавқею мақоми муайянеро соҳиб мешаванд. Аммо аксар ҳанўз ба ҷое нарасида бошанд ҳам, бо умед, дилпур аз фардо зиндагӣ мекунанд, боварии комил доранд, ки ба ҳамаи мақсадҳои аниқу ноаниқи худ мерасанд. Бахту толеъ дар назари онҳо ба аспи бодпое монанд аст, ки ба ҳар як кас як навбат мерасад. Даврат, ки расид, метозӣ! Чунон ки мегўянд, асп ёбию дашт ёбию натозӣ, гунаҳгор - худат...
Ҳоло ба ман чунин менамояд, ки навбати асптозиам расид, аммо ба корҳои муҳимтаре саргарм будам, бинобар он, асп ҳанўз резачорпо накарда зуд фуромадаму навбатро гузарондам... Ду моҳ пештар ман чунон пуркор будам, ки гузаштани рўзу расидани шабро пай намебурдам. Аз саҳар то шом бо дарсгўӣ, машғулияти семинарӣ, маҷлис, маҳфил, консултатсия, китобхонӣ, санадғундорӣ машғул будам. Худро одами бағоят зарур мепиндоштам, ба ҳар як гапу кор ҷавобам тайёр буд, дар ҳар як масъала фавран ба хулосае меомадам. Барои андешаҳои чуқур фурсат надоштам.
Инак, ҳоло худро дар институт одами нодаркор меҳисобам. Аз хиҷолат рўям намешавад, ки ба факултет равам.
Дадаам имсол ба нафақа баромаданд, колхоз бист сўм нафақа таъин кардаст. Понздаҳ сотих замини рўидарича доранд, обчакорӣ мекунанд. Деҳаи мо аз шаҳру бозор дур, бинобар он, сабзавот ва меваи зиёдатиро фурўхтан ба мардуми мо расм нашудааст. Ҳар кас ба замини рўидаричааш зироати ба рўзгор даркориашро мекорад. Дадаам, ба ғайр аз ин, гови дўшоӣ ва ҳафтҳашт сар моли реза доранд, ки бо нигоҳубини онҳо худро машғул месозанд.
Вақтҳои охир ба рўи ман нигариста, оҳиста бо дард оҳ мекашанд, аммо чизе намегўянд.

пешина
аз 91
навбатӣ