Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
– Ҷои мулоҳиза не, гап заданат даркор буд, –риштаи хаёламро бурид Манучеҳр. – Нина дуруст гуфт, тақдират ҳал мешаваду ту бошӣ ба даҳанат об гирифта шиштӣ.
Ман ба ҷои ҷавоб додан сарамро бештар ба даруни гиребони палто кашидаму қадамамро тез кардам. Ҳаёти ман вақтҳои охир аз силсилаи нокомиҳо иборат гашта, рости гап, баъзан барои ин нобарориҳо киро гунаҳгор карданамро намедонистам. Наход, ки як умр номуросои бебарор монам? Албатта бо дурўғ, бо сохтакориҳо носозгорӣ ҳам кайфияте дорад, аммо ман як умр дар шиканҷаи бебарорӣ зиндагӣ кардан намехоҳам. Чӣ бояд кард? Баъзан ҳам аз худам, ҳам аз атрофиёнам безор мешудам. Ана, ҳамин тариқ, принципҳои зиндагиро, ки аслан дар ин боб ҳеҷ чизро намедонистам, таҳлил ва таҳқиқ карданӣ мешудам. Чаро ман, донишҷўи аълохон, пурсабр дар байни ҳамкурсон баобрўй якбора ба кор ношоям шудам?! Кошкӣ, ман он вақт ба ин савол ҷавоби аниқ ва саҳеҳ медоштам. Ин гуна хулосаҳои сарсарӣ ва берабт ҳамеша ҳангоми ягон нокомӣ дар сари ман ба рақс медаромаду сонӣ монанди дуди сигоре, ки хонаро пур кардааст, оҳиста парешон мешавад.
Дар сари чорраҳаи хобгоҳ Рухсораю Инобат ба мо нигарон буданд.
– Чӣ шуд? – ҳарду баробар ба ману Манучеҳр рў оварданд.
Манучеҳр даст афшонда, кирои ғам хўрдан не, гуфтанӣ шуд.
– Танбеҳи сахт, – гуфтам ман бо малолат ночор табассум карда. Дар дилам Манучеҳрро маломат кардам, ки беҳуда духтаронро аз ин сир огоҳ кардааст.
– Барои ҳамун арақхўрӣ? –пурсид оҳиста Рухсора ғолибан бо ҳайрат.
Сараввал ба саволи вай ҳеҷ, кас ҷавоб надод, ҳама хомўш будем.
– Арақхўрӣ… – гуфт Манучеҳр. Сонӣ илова кард: –Арақхўрӣ, бемории кадом як донишҷўй, шикояти дадаатон, гилаи ҷингилаи рафиқон, – ҳамаашро ба ришта кашиданд.
– Парво накунед, ин тарафаш нағз мешавад, – сухани ўро бурид Инобат.
– Як сол нагузашта боз об бо лаби ҷўй баробар.
Вай сухани Ҷўразодаро гуфт. Ҷўразода ҳам дар пахта маҳз ҳамин маъниро ва бо ҳамин мақол гуфта буданд. Одамони хуб аз бисёр ҷиҳатҳо ба якдигар монанданд, ҳатто суханашон ҳам аз як ҷо мебарояд. Ҷўразода вақте ки як ҳафта барин омада, ҳамроҳи ман дар пахтазор буданд, ҳамин гапро гуфта, таъкид карданд, ки ҳарчи зудтар ба кафедра, ба кори дарсгўӣ гузаронданианд. Ман ҳаргиз инро аз он кас таманно накарда будам, худашон гуфтаанд, ки шумо ба кафедра заруред.
– Хайр, рафтем, – баъди лаҳзае сукути умумӣ Инобат ба роҳ ҳидоят кард ва дар ҷавоби нигоҳи саволомеаи ман маънидорона табассум намуду гуфт: – Мегўянд-ку, ғам нахўр, аз қафои ҳар як гиря ханда меояд. Шумора ба як ҷое мебарем, ки ... – дилбарона пошнаҳояшро тақ-тақ ба замин зада, аз хушхабаре мужда медод вай. Дар равшании чароғи офтобӣ дандонҳои сап-сафеди вай ҷило дода аҷаб не, дили Манучеҳрро боз бештар ба шўр оварда бошанд.
Ман ҳамчунон саволомез ба Манучеҳр нигаристам.
– «Вақти гулу рўзи шодмонӣ омад, сармо шуду вақти меҳрубонӣ омад» вай ба илҳом омада, замзамаашро сар карду ҷавоби аниқ надод.
Ман ҳавсалаи шўхию базлагўӣ надоштам, бинобар он бо нигоҳи хаста ва лоқайд ба Рухсора нигаристам, аммо вай ба аломати «намедонам» сар ҷунбонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё