Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
думаш буридашударо, ки аз қафояш меомад, молида қоҳ-қоҳ механдад.
Мирзо Баҳодур ҳарчанд аз камоли қаҳру ғазаб ва буғзу адоват ба ларза омада бошад ҳам, худро ба нодонизу пошӯпавон зада, зуд даст пок мекунад ва аз суфа фуромада, аз тӯйхона меравад. Соҳиби тӯй, ки дар миёни обу оташ мондааст, аз қафои ӯ хилъати тӯёнаро гирифта метозад, ки ақаллан дар ҳавлии берун ба ӯ пӯшонад, лекин вай қабул намекунад.
— Одами тӯй медодагӣ мардумро ба тӯй бо андеша хабар мекунад. Тӯраи худобехабарро чаро хабар кардед?
— Тӯра як марди худо ва қаландармизоҷ. Оё меарзад, ки аз гапи он кас тақсирам ранҷанд,— узрхоҳӣ мекунад соҳиби тӯй.— Хабар ҳам нашудаанду омадаанд.
Вакфи мадрасаи Нақиби чақари Шайхислом хеле калон буд. Як қисми даромади вай, албатта, сарфи шикасту рехти мадраса мешуд. Аммо даромаде, ки аз чандин таноб заминҳои шоликорӣ ва боғу майдон ба мударрис меомад, яқинан аз зиндагонии хоксоронаи ӯ ва мадад ба толимони илм зиёдатӣ мекард. Мударрис зан ва як писар дошт, ки ба харҷи хӯроку пӯшокаш маблағи зиёд намерафт. Ӯ ба ҳамин тариқ, метавонист пули калон оқибандоз кунад. Вале чунон ки мухлисонаш мегуфтанд, ба пулу мол меҳр намонда буд. Ба шарти овоза накардан, ба шогирдони мӯҳтоҷ дар сари ҳар чанд вақт пули зиёд медод ва таъкид мекард, ки бепулӣ кашанд, бемалол омада пурсанд, боз медиҳад. Вале мударрис ҳарчанд хоксор, бо ҳама баробару хушгуфтор бошад ҳам, ҳеҷ кас ҷуръати мададпурсӣ намекард. Илму ҳалимӣ ӯро бо салобат ҳам карда буданд.
Боре мударрис баъди дарс, вақте мехостам, ки ба хона равам, маро дар саҳни мадраса боздошт. Фармуд, ки ба наздаш, ба дарсхона дароям. Дарсхона аз як хонаи калони сездаҳболор, ки ёздаҳ болораш болову дуи дигараш пойгаҳ ҳисоб меёфт, иборат буд. Болову пойгаҳ бо остонае аз ҳам ҷудо карда шуда буданд, ки онро курсӣ меномиданд.
Дар пойгоҳ ҳамчун дар хонаву меҳмонхонаҳо оташдон набуд. Мегуфтанд, ки вақти сохтани дарсхона худи мударрис ҳозир шуда, ба оташдону мӯрӣ розӣ нашудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё