Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— ҷавоб додаму тарсидам, ки Устоҳайдари бо дилу ҷигар дӯстдорандаи Ленин албатта ҳозир дар мадраса беҳуда хонда чӣ мекунӣ, мегӯяд. Аммо ғалат кардаам.
— Муҳиддинхон-домулло одами ғанимат, — таъкид намуд усто. Вай дар Самарқанд мадраса хатм кардагӣ. Одами пурдон. Аммо душманҳояш кам не.
Дар ҳақиқат мударрис Муҳиддинхон писари Саховатхон, ки аз кӯчаи Қалъачаи шаҳрамон буд, баъди хатми мактаб ба Самарқанд рафта, дар он ҷо мадрасаи Улуғбекро хатм намуда омада, ба мадрасаи Нақиби маҳалламон мударрис шуд. Одами донишманде буд. Аз рӯи иззат номи ӯро намегирифтанду Тӯрадомулло меномиданд. Падарам «ақлу заковати Тӯра ҷисмаш барин азим» мегуфт. Мударрис каси азимҷусса, нуронӣ ва хушрӯю хушгап буда, бо вуҷуди сару рӯи калон се печ саллаи майда мебаст. Лекин барои ҳар чаҳор фасли сол сару либосҳои алоҳидаи хушдӯхт ва нав ба нав пӯшида мегашт ва бо ин кораш ҳосидони худро доғ мекард.
Улфатҳои мударрис аксар монанди Устоҳайдар косибҳо, деҳқонони миёнаҳол, аз одамони шӯҳратманди шаҳр Тошхӯҷа Асирӣ, Ҳоҷӣ Юсуф, Содирхони ҳофиз буда аз сӯҳбати муллоёни ҷоҳили донотарош ҳазар мекард. Мегуфтанд, ки мансабдоронро ҳам ӯ ниҳоят бад мебинад. Боре ба як ҷамъомади калони навбатии уламою фузалои Туркистон, ки дар ҳавлии Ҳоҷӣ Юсуф мегузашт, омада ногоҳ мебинад, ки оқсақоли шаҳр Мирзо Баҳодур садриншинӣ мекунад, аз рӯи ҳавлӣ баргашта меравад.
Мударрис дар рӯзҳои бемории худ ба оқсаққол боз аразкунтар шудааст, ки он вақт вай ҳар чанд аз амалаш бекор шуда, аз асп фуромада бошад ҳам, аз рикоб нафуромада, ба саломи мардум мутакаббирона базӯр алек гирифта мегашт. Мударрис ба тӯй омада, дар рӯи суфаи шоҳона боз Мирзо Баҳодурро мебинад, ки бо карру фар такя ба болиштҳои пари қу карда менишинад. Мударрис рӯ ба ошпази тӯй оварда, бонг мезанад:
— Ҳой ошпаз!
— Лаббай, тақсир.
— Як устухони сергӯштакак гирифта ба Мирзо Баҳодури мо диҳед, — мударрис сари сағи калони гӯшу

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё